https://sputnik.tj/20220325/afzoish-dahbarobari-borkashoni-tojikiston-1047056373.html
Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
ДАр ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 дарсади боркашонӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст.
2022-03-25T10:54+0500
2022-03-25T10:54+0500
2022-03-25T13:14+0500
дар тоҷикистон
боркашонӣ
нақлиёт
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо тамоми васоили нақлиёт беш аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.Дар кашондани бор ҳиссаи нақлиёти заминӣ қариб 100 фоиз аз ҳаҷми умумии боркашонӣ дар кишварро ташкил додааст, менависад "Авеста".Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 1,3 миллион тонна бор интиқол дода шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз бештар будааст. Бо роҳи оҳан 931,8 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 фоиз зиёд аст. Ҳамин тариқ интиқоли 93,5 фоизи ҳаҷми умумии бор аз тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст.Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар соли 2021 дар кишвар ҳиссаи боркашонӣ ба нақлиёти автомобилӣ 93,1% ва роҳи оҳан 6,9%-ро ташкил кардааст.Гуфта мешавад, дар ин давра тавассути ҳама намуди нақлиёт 82029,5 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 76347,4 ҳазор тонна ва роҳи оҳан 5681,1 ҳазор тонна интиқол дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220324/voridot-sodirot-guzorishi-moi-tojikiston-1047037466.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш даҳбаробарӣ боркашонӣ тоҷикистон
афзоиш даҳбаробарӣ боркашонӣ тоҷикистон
Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон
10:54 25.03.2022 (Навсозишуда: 13:14 25.03.2022) Дар ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 дарсади борбарӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо тамоми васоили нақлиёт беш аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.
Дар кашондани бор ҳиссаи нақлиёти заминӣ қариб 100 фоиз аз ҳаҷми умумии боркашонӣ дар кишварро ташкил додааст, менависад "Авеста".
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 1,3 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.
Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз бештар будааст.
Бо роҳи оҳан 931,8 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 фоиз зиёд аст.
Ҳамин тариқ интиқоли 93,5 фоизи ҳаҷми умумии бор аз тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар соли 2021 дар кишвар ҳиссаи боркашонӣ ба нақлиёти автомобилӣ 93,1% ва роҳи оҳан 6,9%-ро ташкил кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра тавассути ҳама намуди нақлиёт 82029,5 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 76347,4 ҳазор тонна ва роҳи оҳан 5681,1 ҳазор тонна интиқол дода шудааст.