https://sputnik.tj/20220323/sharh-kreml-mavrid-ishtiroki-neru-ukraina-saad-1047016798.html
Песков гуфт, иштироки СААД дар амалиёти Украина баррасӣ нашудааст
Песков гуфт, иштироки СААД дар амалиёти Украина баррасӣ нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Котиби матбуоти раисҷумҳури Русия масаъалаи иштироки нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар амалиёти низомӣ дар Украинаро тавзеҳ дод
2022-03-23T16:30+0500
2022-03-23T16:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
низомӣ
дар русия
амният ва мудофиа
саад
белорус
дмитрий песков
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_0:0:3164:1781_1920x0_80_0_0_255084f4c9f478fd30a43e9c57448dbf.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҷалби нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар доираи ин созмон баррасӣ нашудааст. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин дар мавриди имкони иштироки Беларус дар амалиёти низомии Украина изҳор дошт, ки дар ин бора президенти он кишвар Александр Лукашенко аллакай изҳори назар кардааст. Песков зикр намуд, ки тафсилоти бештарро намедонад, чун сухангӯи президенти Русия аст ва бояд хабарнигорон ба мақомдорони Дастгоҳи президенти Беларус муроҷиат намоянд. Қаблан Лукашенко изҳор карда буд, нияти иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро надорад. СААД 15 майи соли 1992 бо имзои Созишнома дар бораи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил шуд. Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СААД пайвастаанд. Аммо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220323/lavrov-sababi-kundii-muzokirot-bo-ukrainaro-guft-1047012218.html
белорус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_433:0:3164:2048_1920x0_80_0_0_798fd1b3edfbd72fa5da1480befe90d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, кремл, ҷалб, саад, украина
шарҳ, кремл, ҷалб, саад, украина
Песков гуфт, иштироки СААД дар амалиёти Украина баррасӣ нашудааст
16:30 23.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Сухангӯи раисҷумҳури Русия масаъалаи иштироки нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар амалиёти низомӣ дар Украинаро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҷалби нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар доираи ин созмон баррасӣ нашудааст.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод.
"То ҷое ман медонам, чунин масъалаҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ нагардидаанд", - гуфт сухангӯи президенти Русия.
Ӯ ҳамчунин дар мавриди имкони иштироки Беларус дар амалиёти низомии Украина изҳор дошт, ки дар ин бора президенти он кишвар Александр Лукашенко аллакай изҳори назар кардааст. Песков зикр намуд, ки тафсилоти бештарро намедонад, чун сухангӯи президенти Русия аст ва бояд хабарнигорон ба мақомдорони Дастгоҳи президенти Беларус муроҷиат намоянд.
Қаблан Лукашенко изҳор карда буд, нияти иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро надорад.
СААД 15 майи соли 1992 бо имзои Созишнома дар бораи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил шуд. Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СААД пайвастаанд. Аммо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.