https://sputnik.tj/20220324/taassuf-tojikiston-ijro-nagardidan-shart-tolibon-1047032739.html
Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон
Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз он ки Толибон шартҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари ҳукумати ҳамашумул иҷро накарданд, изҳори таассуф кард
2022-03-24T11:21+0500
2022-03-24T11:21+0500
2022-03-24T12:45+0500
дар тоҷикистон
толибон
афғонистон
иҷрои шарт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042300544_0:57:2423:1419_1920x0_80_0_0_de966329a94d84e8eb731d489bf908cb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, толибон тааҳҳудоти худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро накарданд.Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар Исломобод баргузор гардид, изҳор дошт.Ӯ ҳамзамон зимни суханронӣ дар робита ба масоили Афғонистон ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтааст.Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати фаъолсозии нақши созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусалмонӣ таъкид намуд. Вазири корҳои хориҷӣ инчунин аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро тазаккур дод.Маврид ба зикр аст, толибон бештар аз ҳашт моҳ мешавад, ки Афғонистонро идора мекунанд, аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.Ахиран хабар дода шуд, ки дари макотиб ба рӯйи ҳама духтарон пас аз 187 рӯзи дурмонӣ аз таҳсил боз шуд, аммо ин субҳ вуруди духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб мамнуъ шуд.Ин амалкард мавриди вокуниши шадиди ҷомеаи Афғонистон ва ҳатто афроде аз миёни ин гурӯҳ гардид.
https://sputnik.tj/20220320/tolibon-parcham-milli-afgoniston-man-1046943190.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042300544_110:0:2259:1612_1920x0_80_0_0_a96dd7924d480f9d26f14950e83bc391.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таассуф тоҷикистон шартҳо ҷаҳон толибон
таассуф тоҷикистон шартҳо ҷаҳон толибон
Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон
11:21 24.03.2022 (Навсозишуда: 12:45 24.03.2022) Тоҷикистон аз он ки толибон шартҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба ҳукумати ҳамашумул иҷро накарданд, изҳори таассуф кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, толибон тааҳҳудоти худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро накарданд.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар Исломобод баргузор гардид, изҳор дошт.
"Мутаассифона, то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар иҷро нагардидааст",- таъкид кардааст Муҳриддин.
Ӯ ҳамзамон зимни суханронӣ дар робита ба масоили Афғонистон ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтааст.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати фаъолсозии нақши созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусалмонӣ таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро тазаккур дод.
Маврид ба зикр аст, толибон бештар аз ҳашт моҳ мешавад, ки Афғонистонро идора мекунанд, аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
Ахиран хабар дода шуд, ки дари макотиб ба рӯйи ҳама духтарон пас аз 187 рӯзи дурмонӣ аз таҳсил боз шуд, аммо ин субҳ вуруди духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб мамнуъ шуд.
Ин амалкард мавриди вокуниши шадиди ҷомеаи Афғонистон ва ҳатто афроде аз миёни ин гурӯҳ гардид.