https://sputnik.tj/20220325/putin-tabiz-chiz-rusi-1047078122.html
Путин аз табъизи ҳама чизи русӣ дар Ғарб гуфт: Дар мо чунин нест
Путин аз табъизи ҳама чизи русӣ дар Ғарб гуфт: Дар мо чунин нест
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия аз табъизи ҳар чизи русӣ дар Ғарб зикр карда, таъкид намуд, ки дар мо таҳаммулнопазирии этникӣ ҷой надорад
2022-03-25T19:10+0500
2022-03-25T19:10+0500
2022-03-25T20:35+0500
дар русия
фарҳанг
владимир путин
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045977147_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d345f5164a1b891a211145b3388cf4c6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Ғарб табъизи ҳар чизе, ки марбути Русия аст, авҷ гирифта истодааст, аммо "дар кишвари мо чунин корро ҳатто тасаввур кардан ғайриимкон аст", изҳор дошт президенти ФР Владимир Путин. Ӯ дар мулоқот бо барандаҳои ҷоизаи президентӣ дар бахши адабиёту санъат барои кӯдакону наврасон изҳор дошт, ки дар Ғарб талош доранд, фарҳанги ҳазорсолаи Русияро бекор кунанд. Путин гуфт, китобҳои нависандагони рус мамнуъ шуда истодаанд, дар ҳоле ки дар Русия чунин ҳолат тасаввурнопазир мебошад. Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки "фарҳанги истисно"-и маъруф ба истиснои фарҳанг табдил ёфтааст. "Аз эълонҳо оҳангсозон Пётр Чайковский, Дмитрий Шостакович, Сергей Рахманиновро бармедоранд, нависандагони русу китобҳояшон мамнуъ мешаванд", - гуфт Путин. Вай илова намудаст, ки чунин поксозии фарҳанги номақбулро ҳудуди 90 сол қабл нозиҳо дар Олмон анҷом медоданд. "Тасаввури чунин дар кишвари мо ғайриимкон аст, мо аз чунин зуҳурот ба шарофати фарҳангамон дар амонем. Он барои мо ҷузъи ҷудонашаванда аз Русия аст, ки барои таҳаммулнопазирии қавмӣ ҷой нест", - изҳор дошт раисҷумҳур. Путин таъкид намудаст, ки дар Русия асрҳо намояндагони даҳҳо миллату қавмҳо кору иқомат мекунанд, наслҳоро ба воя мерасонанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия русбадбинии феълӣ дар кишварҳои Ғарбро ҳукм барои тамаддуни ғарбӣ хонд. "Ҳозир на Украина барои таҳқиру тахриби ҳар чизи русӣ истифода мешавад. Аллакай тамоми ҷаҳон фармони "фас" гирифт, тамоми Ғарби огоҳ, барои доштани шиносномаи русӣ ҳадафи ҳамла қарор мегирад", - изҳор дошт Лавров.Маврид ба зикр аст, ки 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз карда буд. Дар посух бархе кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Ғарб алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карданд.Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220325/lavrov-gharb-bargardoni-jahon-yakqutbi-khayol-1047073191.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045977147_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_714cb794b871f974b6189643eb172279.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, табъиз, таҳаммулгароӣ, русия, ғарб
путин, табъиз, таҳаммулгароӣ, русия, ғарб
Путин аз табъизи ҳама чизи русӣ дар Ғарб гуфт: Дар мо чунин нест
19:10 25.03.2022 (Навсозишуда: 20:35 25.03.2022) Президенти Русия аз табъизи ҳама чизи русӣ дар Ғарб зикр карда, таъкид намуд, ки "дар мо таҳаммулнопазирии этникӣ ҷой надорад"
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Ғарб табъизи ҳар чизе, ки марбути Русия аст, авҷ гирифта истодааст, аммо "дар кишвари мо чунин корро ҳатто тасаввур кардан ғайриимкон аст", изҳор дошт президенти ФР Владимир Путин.
Ӯ дар мулоқот бо барандаҳои ҷоизаи президентӣ дар бахши адабиёту санъат барои кӯдакону наврасон изҳор дошт, ки дар Ғарб талош доранд, фарҳанги ҳазорсолаи Русияро бекор кунанд. Путин гуфт, китобҳои нависандагони рус мамнуъ шуда истодаанд, дар ҳоле ки дар Русия чунин ҳолат тасаввурнопазир мебошад.
"Дар бораи табъизи афзояндаи ҳар чизи марбути Русия мегӯям. Ин раванд дар бахше аз кишварҳои ғарбӣ бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва баъзан ҳатто пуштибонии қишри ҳукмрон ҷараён дорад", - гуфт вай.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки "фарҳанги истисно"-и маъруф ба истиснои фарҳанг табдил ёфтааст.
"Аз эълонҳо оҳангсозон Пётр Чайковский, Дмитрий Шостакович, Сергей Рахманиновро бармедоранд, нависандагони русу китобҳояшон мамнуъ мешаванд", - гуфт Путин.
Вай илова намудаст, ки чунин поксозии фарҳанги номақбулро ҳудуди 90 сол қабл нозиҳо дар Олмон анҷом медоданд.
"Тасаввури чунин дар кишвари мо ғайриимкон аст, мо аз чунин зуҳурот ба шарофати фарҳангамон дар амонем. Он барои мо ҷузъи ҷудонашаванда аз Русия аст, ки барои таҳаммулнопазирии қавмӣ ҷой нест", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Путин таъкид намудаст, ки дар Русия асрҳо намояндагони даҳҳо миллату қавмҳо кору иқомат мекунанд, наслҳоро ба воя мерасонанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия русбадбинии феълӣ дар кишварҳои Ғарбро ҳукм барои тамаддуни ғарбӣ хонд.
"Ҳозир на Украина барои таҳқиру тахриби ҳар чизи русӣ истифода мешавад. Аллакай тамоми ҷаҳон фармони "фас" гирифт, тамоми Ғарби огоҳ, барои доштани шиносномаи русӣ ҳадафи ҳамла қарор мегирад", - изҳор дошт Лавров.
Маврид ба зикр аст, ки 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз карда буд. Дар посух бархе кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Ғарб алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карданд.
Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.