Дар ВМКБ ба оилаҳое, ки тарма манзилашонро тахриб кард, ваъдаи хона доданд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Раиси ВМКБ ва котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз манзилҳои сокинони ин вилоят, ки бар асари фаромадани тарма тахриб шудаанд, боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар ВМКБ ба сокиноне, ки хонаҳои онҳо бар асари фаромадани тарма тахриб гардид, ваъда дода шуд, ки бо манзил таъмин мегарданд.
Котиботи раиси ин вилоят хабар медиҳад, ки аз ҳоли сокинони зарардида раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дидан намуданд.
Гуфта мешавад, ба сокинони бехонавудар кумакҳои ниёзи аввалия аз қабили орд, рӯған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин кумаки молӣ низ расонида шуд.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Тарма дар ВМКБ як хонаро тахриб кард
Зимни суҳбат бо сокинон котиби Шӯрои амният таъкид намуд, ки ҳукумат ба онҳо замин ҷудо мекунад ва дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ низ онҳоро кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, рӯзи 16 март дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи фаромадани тарма ду хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла як хонаи истиқоматӣ пурра ва як хонаи истиқоматии дигар қисман зарар диданд.
Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Айнан чунин вазъият дар ноҳияи Рошқалъа низ рух дода буд ва тарма ду манзили сокинони маҳаллиро тахриб кард. Феълан маълум нест, ки сокинони зарардидаи ин ноҳия низ аз кумакҳои ҳукумат бархурдор шуданад ё на.
Талафоти ҷонӣ дар ноҳияи Роштқалъа низ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0