Тарма дар ВМКБ як хонаро тахриб кард

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Барфрезию тармафароӣ аксари ноҳияҳои ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар ВМКБ вазъият бинобар боришоти барфу борон мушкил боқӣ мемонад. Ҳамарӯза дар роҳҳои ин минтақа тармафароӣ ва сангрезӣ сурат мегирад. Рафтуомад миёни ноҳияҳо бинобар масдуд будани роҳҳо ғайриимкон гардидааст.
Шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон тарма манзили як сокини маҳаллиро комилан хароб кардааст. Ҳамчунин як хонаи дигар дар ин деҳа бинобар фаромадани тарма қисман тахриб гардид.
Дафтари матбуотии КҲФ дар шарҳи ин ҳаводис гуфтааст, ки хушбахтона, офатҳои табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштаанд.
Ҳоло барои муайян кардани хисорот дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят кор намуда, хисороти расидаро муайян мекунанд.
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Роҳи Душанбе - Чаноқ боз шуд
Манбаъ меафзояд, вазъияти вахимтар дар роҳҳои Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб ва Душанбе - Айнӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тармаву сел ва инчунин 2 ҳолати сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми 4 рӯзи оянда дар навоҳии Тоҷикистон борону барф мебораду дар баъзе ҳолатҳо раъду барқ ва жола дар назар аст.
Рӯзҳои 16-19 март дар водиҳо, доманакӯҳҳо борон ва навоҳии кӯҳӣ борону барф меборад. Махсусан дар робита ба борони шадид дар рӯзҳои 18-19 март ҳушдор дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0