https://sputnik.tj/20220324/tojikistoni-ukraina-qahramonona-halok-1047045884.html
Қаҳрамонона ҷон бохтани чанд тоҷикистонӣ дар Украина
Қаҳрамонона ҷон бохтани чанд тоҷикистонӣ дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Ҳувияти шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба эҳсосоти наздикону пайвандонашон ифшо намешавад. Ҷасади сарбозон ба Ватан интиқол дода шуд 24.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-24T19:00+0500
2022-03-24T19:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
шаҳрвандони тоҷикистон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047044395_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_b81f24e88dad69c5e9096367d801c759.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар миёни кушташудагон дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, феълан ҷасади кушташудагон ба Тоҷикистон оварда ва ба хок супорида шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Киев як зодаи Тоҷикистон захмӣ шудааст. Вай соати комендантиро вайрон кардааст, ки дар натиҷа аз қисмати пойяш захмдор шудааст.Ҳамчунин маълум аст, ки шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Украинаро тарк кардаанд. Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220324/artish-rusiya-izumi-kharkov-girift-1047041450.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047044395_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_086ab069921eeee83a748fa71fe103d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрвандони тоҷикистон, украина
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрвандони тоҷикистон, украина
Қаҳрамонона ҷон бохтани чанд тоҷикистонӣ дар Украина
19:00 24.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Эксклюзив
Ҳувияти шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба эҳсосоти наздикону пайвандонашон ифшо намешавад. Ҷасади сарбозон ба Ватан интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар миёни кушташудагон дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, феълан ҷасади кушташудагон ба Тоҷикистон оварда ва ба хок супорида шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир сухан дар бораи 4 низомии кушташуда аз Тоҷикистон меравад, ки тибқи қарордод дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат карда, дар як амалиёти вижа дар Украина кушта шуданд", - афзуд манбаъ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Киев як зодаи Тоҷикистон захмӣ шудааст. Вай соати комендантиро вайрон кардааст, ки дар натиҷа аз қисмати пойяш захмдор шудааст.
Ҳамчунин маълум аст, ки шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Украинаро тарк кардаанд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.