Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия шаҳри Изюми вилояти Харковро таҳти назорат гирифтанд

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкОсвобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Силоҳҳои дурпарвоз ба зерсохтҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳадаф қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Артиши Русия шаҳри Изюм дар вилояти Харковро таҳти назорат гирифт. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифоъ Игор Конашенков хабар дод.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Русия иҷрои супоришҳои амалиёти вижаи низомиро идома медиҳанд. Субҳи 24 март воҳидҳои артиши Русия шаҳри Изюмро комилан таҳти назорат гирифтанд", - гуфт генерал-майор.
Ба гуфтаи Конашенков, шаби 24 март болои таъсисоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз аслиҳаҳои дақиқзану баландпарвози дарёию ҳавоӣ ҳамла сурат гирифт.
Ҳарбиён 13 мушакандози ЗРК, аз ҷумла чаҳор "Бук-М1" ва 9 С-300 дар деҳаи Даниловка, воқеъ дар ҷануби Киев, инчунин қароргоҳи даста ва анбори аслиҳаи мушакӣ ва артиллерӣ дар деҳаи В. Бахмути вилояти Донетск, истгоҳи муваққатии баталони миллатгароён дар шаҳри Лисичанскро нобуд карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0