https://sputnik.tj/20220320/tolibon-parcham-milli-afgoniston-man-1046943190.html
Толибон парчами серангаи миллии Афғонистонро манъ карданд
Толибон парчами серангаи миллии Афғонистонро манъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати феълан муваққати Афғонистон парчами миллии ин кишварро манъ карда, ба ҷои он парчами ҷунбиш гузоштанд
2022-03-20T19:30+0500
2022-03-20T19:30+0500
2022-03-21T12:08+0500
афғонистон
сиёсат
толибон
парчам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041664527_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_2b13a8af546a85c47696e1715e4bc6fc.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Толибон дар Афғонистон парчами миллии серангаи Афғонистонро расман мамнуъ кардааст, гуфта мешавад дар фармони ин гурӯҳ.Бар асоси ин санад, ҳамакнун ниҳодҳои давлатии кишвар ва берун аз он бояд аз парчами сафеди ҷунбиш истифода кунанд.Онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ягон ниҳоди давлатӣ аз парчами қаблӣ истифода кунанд.Дар авоили августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 март, пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳоеро пахш намуданд, ки гӯё ин созмон ҳукумати онҳоро ба расмият шинохтааст.Аммо Русия ин хабарҳоро дурӯғ хонд ва тавзеҳ дод, ки СММ то ҳол ҳукумати толибон дар Афғонистонро расман эътироф накардааст.ВУХ Русия таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид сухан танҳо дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ бо толибон роҷеъ ба ҷилавгирӣ аз буҳрон дар Афғонистон буд, на дар бораи эътирофи ин режими сиёсӣ.
https://sputnik.tj/20220318/rusiya-etirofi-tolibon-smm-rad-kard-1046907262.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041664527_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5c81ee2c753c1cb9272a08086e95dec5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон парчам толибон
афғонистон парчам толибон
Толибон парчами серангаи миллии Афғонистонро манъ карданд
19:30 20.03.2022 (Навсозишуда: 12:08 21.03.2022) Ҳукумати феълан муваққати Афғонистон парчами миллии ин кишварро манъ карда, ба ҷои он парчами ин ҳаракатро гузоштанд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Толибон дар Афғонистон парчами миллии серангаи Афғонистонро расман мамнуъ кардааст, гуфта мешавад дар фармони ин гурӯҳ.
Бар асоси ин санад, ҳамакнун ниҳодҳои давлатии кишвар ва берун аз он бояд аз парчами сафеди ҷунбиш истифода кунанд.
Онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ягон ниҳоди давлатӣ аз парчами қаблӣ истифода кунанд.
Дар авоили августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 март, пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳоеро пахш намуданд, ки гӯё ин созмон ҳукумати онҳоро ба расмият шинохтааст.
Аммо Русия ин хабарҳоро дурӯғ хонд ва тавзеҳ дод, ки СММ то ҳол ҳукумати толибон дар Афғонистонро расман эътироф накардааст.
ВУХ Русия таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид сухан танҳо дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ бо толибон роҷеъ ба ҷилавгирӣ аз буҳрон дар Афғонистон буд, на дар бораи эътирофи ин режими сиёсӣ.