https://sputnik.tj/20220324/matvienko-shart-muloqot-putin-zelenskiy-1047035267.html
Матвиенко шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт
Матвиенко шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Матвиенко вохӯрии Путин ва Зеленскийро пас аз таҳияи созишномаҳо имконпазир гуфт
2022-03-24T12:45+0500
2022-03-24T12:45+0500
2022-03-24T13:13+0500
дар русия
владимир путин
владимир зеленский
сиёсат
матвиенко
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/91/1030389156_0:0:2485:1398_1920x0_80_0_0_d4851c28e2fd8d17c1413035da74f31f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, кишвардорони Русия ва Украина имконпазир аст, мегӯяд раиси Шӯрои Федератсияи Валентина Матвиенко, аммо барои баргузории ин дидор ӯ аз шарте ёдовар шуд.Ба гуфтаи Матвиенко, мулоқоти роҳбарони ин ду давлат ба шарти таҳияи барномаи муқаддамотии гуфтугӯҳо имконпазир мегардад."(Вохӯрӣ вақте имконпазир хоҳад шуд), ки ҷонибҳои Украина ва Русия дар бораи рӯзнома мувофиқат кунанд ва як навъ ҳуҷҷати ниҳоӣ бояд бошад. Дар акси ҳол умедворӣ беҳуда аст, ки ҳоло президентҳо мулоқот мекунанд, суҳбат мекунанд ва чизе ҳосил мешавад. Пас чаро ин нишастҳо бояд баргузор шаванд?", - афзуд ӯ зимни мусоҳиба бо шабакаи CCTV.Матвиенко гуфт, Русия ба чунин формати мулоқоти "моддӣ" бо ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ омодааст.Ӯ илова намуд, ки мулоқотҳо бояд натиҷа диҳанд. Дар акси ҳол барпо намудани онҳо маъное надорад.Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.Алъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.Лавров: Амрико мехоҳад, дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо бошадПрезиденти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо зерсохтҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220324/putin-gharb-etimod-asor-1047029873.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/91/1030389156_146:0:2485:1754_1920x0_80_0_0_4be951e587f71fe44dee711e3959abb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин матвиенко зелинский мулоқот
путин матвиенко зелинский мулоқот
Матвиенко шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт
12:45 24.03.2022 (Навсозишуда: 13:13 24.03.2022) Раиси Шӯрои Федератсияи Русия вохӯрии раисҷумҳури ин кишвар ва кишвардори Украинаро пас аз таҳияи созишномаҳо имконпазир гуфт
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, кишвардорони Русия ва Украина имконпазир аст, мегӯяд раиси Шӯрои Федератсияи Валентина Матвиенко, аммо барои баргузории ин дидор ӯ аз шарте ёдовар шуд.
Ба гуфтаи Матвиенко, мулоқоти роҳбарони ин ду давлат ба шарти таҳияи барномаи муқаддамотии гуфтугӯҳо имконпазир мегардад.
"(Вохӯрӣ вақте имконпазир хоҳад шуд), ки ҷонибҳои Украина ва Русия дар бораи рӯзнома мувофиқат кунанд ва як навъ ҳуҷҷати ниҳоӣ бояд бошад. Дар акси ҳол умедворӣ беҳуда аст, ки ҳоло президентҳо мулоқот мекунанд, суҳбат мекунанд ва чизе ҳосил мешавад. Пас чаро ин нишастҳо бояд баргузор шаванд?", - афзуд ӯ зимни мусоҳиба бо шабакаи CCTV.
Матвиенко гуфт, Русия ба чунин формати мулоқоти "моддӣ" бо ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ омодааст.
Ӯ илова намуд, ки мулоқотҳо бояд натиҷа диҳанд. Дар акси ҳол барпо намудани онҳо маъное надорад.
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.
Алъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо зерсохтҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.