https://sputnik.tj/20220324/putin-gharb-etimod-asor-1047029873.html
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гуфт, Ғарб худ бо амалкардҳояш эътимод ба арзҳояшро аз даст дод 24.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-24T09:00+0500
2022-03-24T09:00+0500
2022-03-24T12:02+0500
владимир путин
ғарб
арз
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_0:92:2508:1503_1920x0_80_0_0_5669a53c46db9ec0ecf16939da4708c1.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, дар ҳафтаҳои ахир бархе аз кишварҳо тасмимҳои ғайриқонунӣ дар мавриди мунҷамид кардани дороиҳои Русияро гирифтаанд ва амалкарди Ғарб мунҷар ба аз даст рафтани эътимод ба арзҳои ин кишварҳои ғарбӣ шудааст. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо тааҳҳудоти худро дар назди Русия иҷро накарданд ва ҳоло ҷаҳон медонад, ки шояд уҳдадориҳои долларӣ ва евроӣ иҷро нашаванд.Ӯ ҳамчунин гуфт, содироти коло аз Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ва фурӯши он бо асъори хориҷӣ бемаънӣ аст, гази русӣ ба кишварҳои бегона бо рубл фурӯхта мешавад.Содироти мол ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва фурӯши он бо доллар, евро ва дигар асъор барои мо дигар маъно надорад. "Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.
https://sputnik.tj/20220323/kharidufurushi-naft-rubl-1047027359.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_192:0:2316:1593_1920x0_80_0_0_bd329e05adb5fd7cc3f90c0959e41276.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин ғарб асъор эътимод
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
09:00 24.03.2022 (Навсозишуда: 12:02 24.03.2022) Раисҷумҳури Русия гуфт, Ғарб худ бо амалкардҳояш эътимод ба арзҳояшро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, дар ҳафтаҳои ахир бархе аз кишварҳо тасмимҳои ғайриқонунӣ дар мавриди мунҷамид кардани дороиҳои Русияро гирифтаанд ва амалкарди Ғарб мунҷар ба аз даст рафтани эътимод ба арзҳои ин кишварҳои ғарбӣ шудааст.
"Тавре ки шумо медонед, тайи чанд ҳафтаи ахир як қатор кишварҳои ғарбӣ дар мавриди мунҷамид сохтани дороиҳои Русия тасмимҳои ғайриқонунӣ гирифтанд ва ин воқеан дар мавриди эътимоднокии шикофе ба вуҷуд овард. Мо дар ин бора суҳбат кардем ва эътимод ба ин асъор аз даст рафт",- гуфт Путин.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо тааҳҳудоти худро дар назди Русия иҷро накарданд ва ҳоло ҷаҳон медонад, ки шояд уҳдадориҳои долларӣ ва евроӣ иҷро нашаванд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, содироти коло аз Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ва фурӯши он бо асъори хориҷӣ бемаънӣ аст, гази русӣ ба кишварҳои бегона бо рубл фурӯхта мешавад.
Содироти мол ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва фурӯши он бо доллар, евро ва дигар асъор барои мо дигар маъно надорад.
"Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.