https://sputnik.tj/20220324/avstriya-namekhohad-gaz-rusiya-1047042134.html
Австрия намехоҳад аз гази Русия даст кашад
Австрия намехоҳад аз гази Русия даст кашад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Австрия гуфтанд, ки онҳо нияти даст кашидан аз манобеи жнержии Русияро надоранд, ки беш аз нисфи тамоми хариди ҳукуматро ташкил медиҳанд
2022-03-24T17:20+0500
2022-03-24T17:20+0500
2022-03-24T20:24+0500
дар русия
аврупо
има
иқтисод
сиёсат
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1043993893_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_4c27b6f8bff08560fd4ae910f3d8a099.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Австрия аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар мавриди интиқоли энержӣ аз Русия пуштибонӣ намекунад. Дар ин бора садри аъзам Австрия Карл Нехаммер иттилоъ дод. Вай тавзеҳ дод, ки дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина бойкот кардани интиқоли нафту газ аз ин кишварро ғайривоқеӣ медонад, бо назардошти он ки бештари гази ин кишвар аз Федератсияи Русия харидорӣ мешавад.Қаблан Маҷористон эълом карда буд, ки маҳдудиятҳои интиқоли энержӣ аз Русияро пуштибонӣ намекунад, зеро онҳо бо меъёрҳои амнияти энержии ин кишвар мухолифанд.Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Петер Сиярто қайд кард, ки Маҷористон гунаҳкор нест, ки газу нафти Русия дар таъмини энергияи он, Аврупои Марказӣ ва тамоми қитъа нақши бузург дорад. Матбуот ҳамчунин навиштааст, ки Олмон бо радди комили харидории гази Русия дар зимистони оянда наметавонад аз мушкилот канорагирӣ кунад. Ба гуфтаи Леонард Бирнбаум, раҳбари контсерни E.ON, нархи газ дар муддати кӯтоҳ ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт. Мувофиқи пешгӯии ӯ, Олмон талаботи саноатро пурра қонеъ гардонда наметавонад.Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс ИМА таҳримҳоеро алайҳи Русия эъмол кард. Ҳамин тариқ мамнуияти хариди нафт, газ ва ангишти Русия аз сӯйи Амрико ва ҳампаймононаш эълон шуд. Баъдтар президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи даст кашидан аз алмос, машрубот ва маҳсулоти баҳрӣ аз Федератсияи Русия розӣ шуд. Кишварҳои бузурги аврупоӣ низ имкони лағви харидории пурраи нафт аз Русияро баррасӣ мекунанд, аммо дар ҳоли ҳозир чунин иқдом ба гумон аст, ки рӯи даст гирифта шавад.
https://sputnik.tj/20220324/siyosatmadori-rus-rusiya-gaz-rubl-1047040174.html
аврупо
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1043993893_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b2185c80b6b7c578e98917f4420462d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
австрия гази русия
Австрия намехоҳад аз гази Русия даст кашад
17:20 24.03.2022 (Навсозишуда: 20:24 24.03.2022) Мақомоти Австрия гуфтанд, онҳо нияти даст кашидан аз манобеи энержии Русияро надоранд, ки беш аз нисфи тамоми масорифи энержии онро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Австрия аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар мавриди интиқоли энержӣ аз Русия пуштибонӣ намекунад. Дар ин бора садри аъзам Австрия Карл Нехаммер иттилоъ дод.
Вай тавзеҳ дод, ки дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина бойкот кардани интиқоли нафту газ аз ин кишварро ғайривоқеӣ медонад, бо назардошти он ки бештари гази ин кишвар аз Федератсияи Русия харидорӣ мешавад.
"Ин корро нахоҳад кард. Ин ғайривоқеӣ ва нодуруст аст. Австрия то 80 дарсади гази худро аз Русия мегирад. Танҳо баҳс дар ин мавзуъ зиён мерасонад ва қимати энержиро боло мебарад",- гуфт Нехаммер дар мусоҳиба бо нашрияи "Клайн сайтунг".
Қаблан Маҷористон эълом карда буд, ки маҳдудиятҳои интиқоли энержӣ аз Русияро пуштибонӣ намекунад, зеро онҳо бо меъёрҳои амнияти энержии ин кишвар мухолифанд.
Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Петер Сиярто қайд кард, ки Маҷористон гунаҳкор нест, ки газу нафти Русия дар таъмини энергияи он, Аврупои Марказӣ ва тамоми қитъа нақши бузург дорад.
Матбуот ҳамчунин навиштааст, ки Олмон бо радди комили харидории гази Русия дар зимистони оянда наметавонад аз мушкилот канорагирӣ кунад.
Ба гуфтаи Леонард Бирнбаум, раҳбари контсерни E.ON, нархи газ дар муддати кӯтоҳ ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт. Мувофиқи пешгӯии ӯ, Олмон талаботи саноатро пурра қонеъ гардонда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс ИМА таҳримҳоеро алайҳи Русия эъмол кард. Ҳамин тариқ мамнуияти хариди нафт, газ ва ангишти Русия аз сӯйи Амрико ва ҳампаймононаш эълон шуд.
Баъдтар президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи даст кашидан аз алмос, машрубот ва маҳсулоти баҳрӣ аз Федератсияи Русия розӣ шуд.
Кишварҳои бузурги аврупоӣ низ имкони лағви харидории пурраи нафт аз Русияро баррасӣ мекунанд, аммо дар ҳоли ҳозир чунин иқдом ба гумон аст, ки рӯи даст гирифта шавад.