Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров сабаби кундии музокирот бо Украинаро гуфт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана
Встреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷониби Украина дар аввал изҳори тафоҳум кард, аммо дар раванди музокирот ҳатто пешниҳодҳои худашро рад карда истодааст
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Музокироти Маскав ва Киев ба кундӣ пеш рафта истодааст, зеро ҷониби Украина зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Ин нуктаро вазир зимни суханронияш дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав баён дошт.
Лавров гуфт, вақте дар авҷи амалиёти низомии Русия роҳбарияти Украина музокиротро пешниҳод кард, Маскав онро қабул намуд.

"Президент фавран дастур доду музокирот оғоз шуд. Гуфтушунидҳо ба кундӣ пеш рафта истодаанд, чун ҷониби Украина, гарчанде зоҳиран тафоҳум кард, дар рафти музокирот мудом мавқеашро иваз мекунад", - изҳор дошт вазир.

Ӯ афзуд, ки дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Украина ҳатто аз пешниҳодҳои худаш низ даст кашида истодааст.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор карда буд, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.
Заместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Антонов аз пайомади таъмини Украина бо силоҳ ва ҷангиён
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегиранд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан идома дорад. То ҳол 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду ба сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0