Мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Саудӣ дар Исломобод

© МИД РТГлава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и министр иностранных дел Саудовской Аравии Фейсал бин Фархана Аль Сауд
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и  министр иностранных дел Саудовской Аравии Фейсал бин Фархана Аль Сауд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ вазъи феълии амниятӣ дар минтақа ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтояш аз Арабистони Саудӣ, Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд вохӯрӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ, мулоқот дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ - СҲИ дар Исломобод баругзор шуд.

"Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин вазирони ду кишвар аз вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули ақида карданд.
Тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Арабистони Саудӣ ахиран сафирашро дар Тоҷикистон иваз кард. Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон дар мақоми сафири Саудӣ дар Душанбе Абдулазиз Муҳаммад Албодиро иваз кард.
Встреча министра внутренных дел Таджикистана Рамазона Рахимзоды с новым послом Саудовской Аравии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Раҳимзода бо сафири Саудӣ мубориза бо терроризмро баррасӣ кард
Сафири ҷадид, ки аввали моҳи равон эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супорида буд, изҳор дошт, ки Давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Душанбе боз ҳам бештар шаванд.
"Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", -.илова намудааст сафир.
Сафири қаблии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ буд, ки аз соли 2016 то соли 2021дар ин мақом фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0