https://sputnik.tj/20220315/rahimzoda-safir-saudi-terrorizm-barrasi-1046819229.html
Раҳимзода бо сафири Саудӣ мубориза бо терроризмро баррасӣ кард
Раҳимзода бо сафири Саудӣ мубориза бо терроризмро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилӣ сафири навтаъйини Арабистони Саудиро бо таъйинаш дар ин мақом шодбош гуфт
2022-03-15T17:30+0500
2022-03-15T17:30+0500
2022-03-15T19:43+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
сафир
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046818989_0:180:750:602_1920x0_80_0_0_e3965bcadf87baddb1952770d3fc1be1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон, сафири нави Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ кард. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мулоқот 15-уми март сурат гирифта, мубориза бо ҷинояткорӣ аз мавзуъҳои меҳварии он буд. Раҳимзода Аррушайдонро барои таъйинаш ба мақоми пурмасъули сафирӣ шодбош гуфта, барои ҳамкориҳояш изҳори сипос кардааст. Вазири умури дохилӣ бо сафири нав масъалаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм ва экстремизмро дар миён гузоштааст. Аррушайдон азмашро барои таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо баён дошта афзуд, ки мардуми ду кишвар дар оянда боз ҳам наздиктар хоҳанд шуд. "Давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", -.илова намудааст сафир. Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад Албодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли 2016 оғоз шуда, соли 2021 поён ёфт. Сафири нави Саудӣ аввали моҳи равон эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.
https://sputnik.tj/20220312/taghyir-qavonin-vurud-zoirin-1046736862.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0f/1046818989_0:109:750:672_1920x0_80_0_0_8a6a7fc15ad19fa11c1408526a510f4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раҳимзода, сафир, саудӣ, тоҷикистон
мулоқот, раҳимзода, сафир, саудӣ, тоҷикистон
Раҳимзода бо сафири Саудӣ мубориза бо терроризмро баррасӣ кард
17:30 15.03.2022 (Навсозишуда: 19:43 15.03.2022) Вазири умури дохилӣ сафири навтаъйини Арабистони Саудиро бо таъйинаш дар ин мақом шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон, сафири нави Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мулоқот 15-уми март сурат гирифта, мубориза бо ҷинояткорӣ аз мавзуъҳои меҳварии он буд.
Раҳимзода Аррушайдонро барои таъйинаш ба мақоми пурмасъули сафирӣ шодбош гуфта, барои ҳамкориҳояш изҳори сипос кардааст.
Вазири умури дохилӣ бо сафири нав масъалаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм ва экстремизмро дар миён гузоштааст.
Аррушайдон азмашро барои таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо баён дошта афзуд, ки мардуми ду кишвар дар оянда боз ҳам наздиктар хоҳанд шуд.
"Давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", -.илова намудааст сафир.
Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад Албодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли 2016 оғоз шуда, соли 2021 поён ёфт.
Сафири нави Саудӣ аввали моҳи равон эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.