https://sputnik.tj/20220323/kreml-rusiya-siloh-hastai-istifoda-1047004407.html
Кремл гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард
Кремл гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кремл мегӯяд, ҳолати истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи миллии амният мушаххасан муқаррар кардааст
2022-03-23T10:20+0500
2022-03-23T10:20+0500
2022-03-23T12:49+0500
дар русия
амният ва мудофиа
ҳастаӣ
кремл
ҳолат
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046474108_0:0:3207:1804_1920x0_80_0_0_4d6cb37570551ad828f08dc941ea03d7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ дар ҳолати хатар ба мавҷудияти кишвар истифода кунад, изҳор дошт сухангӯи президенти ин кишвар Дмитрий Песков. Намояндаи Кремл дар суҳбат бо расонаи амрикоии CNN гуфт, сабабу ҳолатҳои истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи амнияти миллӣ муқаррар кардаст. Ӯ таъкид намуд, ки далоили дигари истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар матни консепсия зикр нашудаанд. Қаблан ноиби вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков гуфта буд, Маскав хеле бомасъулиятона бо силоҳи ҳастаӣ муносибат мекунад. Ӯ зикр намуд, ки Русия якҷо бо абарқудратҳои ҳастаии дигар усулҳои бунёдии марбут ба ин навъи силоҳро таъйид намуда буд, ки "дар ҷанги ҳастаӣ наметавонад касе ғолиб бошад ва он ҳеч гоҳ нобояд оғоз шавад". Дар оғози моҳи январ Русия, ИМА, Чин, Бритониёи Кабир ва Фаронса дар мавриди пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва роҳ надодан ба сабқати мусаллаҳшавӣ изҳорот доданд.Пештар Песков изҳор дошта буд, ки Владимир Путин, президенти Русия, аз ҷумла ба ҳайси сарфармондеҳ тамоми чораҳоро барои амнияти шаҳрвандон андешида истодааст. Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки Русия дар "иҳотаи хушунат" қарор дораду пайваста аз кишварҳои НАТО изҳороти "комилан ғайридӯстона" мешунавад.
https://sputnik.tj/20220304/nato-jangi-hastai-rusiya-1046518202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046474108_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f9a0d36e1b53a16ab6d534acdfe1b612.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, кремл, посух, силоҳ, ҳастаӣ, русия
шарҳ, кремл, посух, силоҳ, ҳастаӣ, русия
Кремл гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард
10:20 23.03.2022 (Навсозишуда: 12:49 23.03.2022) Намояндаи Кремл мегӯяд, ҳолати истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи миллии амният мушаххасан муқаррар кардааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ дар ҳолати хатар ба мавҷудияти кишвар истифода кунад, изҳор дошт сухангӯи президенти ин кишвар Дмитрий Песков.
Намояндаи Кремл дар суҳбат бо расонаи амрикоии CNN гуфт, сабабу ҳолатҳои истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи амнияти миллӣ муқаррар кардаст.
"Дастрасӣ ба Консепсияи амнияти миллӣ озод аст, метавонед тамоми сабабҳоеро, ки Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ кор гирад, хонед. Яъне агар хатар ба мавҷудияти кишвар бошад, Русия метавонад аз ин силоҳ истифода кунад", - таъкид намуд Песков.
Ӯ таъкид намуд, ки далоили дигари истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар матни консепсия зикр нашудаанд.
Қаблан ноиби вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков гуфта буд, Маскав хеле бомасъулиятона бо силоҳи ҳастаӣ муносибат мекунад. Ӯ зикр намуд, ки Русия якҷо бо абарқудратҳои ҳастаии дигар усулҳои бунёдии марбут ба ин навъи силоҳро таъйид намуда буд, ки "дар ҷанги ҳастаӣ наметавонад касе ғолиб бошад ва он ҳеч гоҳ нобояд оғоз шавад".
Дар оғози моҳи январ Русия, ИМА, Чин, Бритониёи Кабир ва Фаронса дар мавриди пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва роҳ надодан ба сабқати мусаллаҳшавӣ изҳорот доданд.
Пештар Песков изҳор дошта буд, ки Владимир Путин, президенти Русия, аз ҷумла ба ҳайси сарфармондеҳ тамоми чораҳоро барои амнияти шаҳрвандон андешида истодааст. Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки Русия дар "иҳотаи хушунат" қарор дораду пайваста аз кишварҳои НАТО изҳороти "комилан ғайридӯстона" мешунавад.