Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Азаров: НАТО ҷанги ҳастаӣ оғоз карданӣ буд, аммо Русия нақшаҳояшро барбод дод

© AFP 2023 / GEORGES GOBETФлаг НАТО, архивное фото
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Нахуствазири собиқи Украина гуфт, НАТО қасд дорад, чаҳор бригадаи нерӯҳои мусаллаҳи худро бо кулоҳакҳои ҳастаӣ дар қаламрави Украина мустақар кунад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. НАТО ба нақша гирифтааст, ки тобистони соли 2022 дар бораи истиқрори нерӯҳояш бо Украина мувофиқат кунад ва то охири сол бо Русия бо силоҳи ҳастаӣ ба муноқиша бархезад.
Дар ин бора сарвазири собиқи Украина Микола Азаров дар саҳифаи "Facebook"-и худ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи декабри соли 2021 Русия дар бораи нақшаи истиқрори нерӯҳои НАТО дар қаламрави Украина, яъне 4 бригадаи низомӣ (2 хушкигард, 1 баҳрӣ, 1 ҳавоӣ) иттилоъ дарёфт карда буд.
"НАТО мехост, тобистони соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи истиқрори нерӯҳояш ба мувофиқа расад. Сипас ба эҳтимоли зиёд, то охири сол онҳо низоъро барангехта, амалиёти низомии ҳамаҷониба алайҳи Русия бо истифода аз силоҳи ҳастаиро оғоз карданӣ буданд”, - навиштааст Азаров.
Вай ҳамчунин менависад, ки бо оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина раҳбарияти Русия нақшаҳои НАТО-ро барбод дод.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Олмон напазируфтани Украина ва Гурҷистонро ба НАТО иқдоми дуруст хонд
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0