Бензину дизел дар Тоҷикистон арзон шуду, гази моеъ на. Чаро?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкРабота АЗС в Москве
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Дар пайи уфти пайвастаи қурби доллар ҳоло дар манотиқи Тоҷикистон поёнравии нархи маводи сӯхт мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тибқи нархномае, ки аксари ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт мураттаб намудаанд, поёнравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба назар мерасад.
Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд арзиши як литр бензини навъи АИ 92 11,8 сомонӣ ва АИ 95 12,2 сомонӣ рақам зада шудааст, ки дар муқоиса ба се-чор рӯзи қабл 50 дирам арзон аст.
Нархи сӯзишвории дизелӣ ҳам тамоюли поёнравӣ дошта, аз 12,7 сомонии рӯзҳои пеш ба 12,2 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин миён нархи гази моеъ бетағйир, 7,2 сомонӣ боқӣ мондааст.
Як ҳафта қабл дар аксари минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе литри гази моеъ 7,3 сомонӣ, бензини АИ 92 12,3 ва АИ 95 12,5 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ ба 12,7 сомонӣ ва дар баъзе ҷойҳо аз ин ҳам бештар арзиш дошт.
Покрытая нефтью мертвая птица на пляже в Вентанилья, Перу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Тилои сиёҳи қотил: аксҳои даҳшатноки резиши нафт ба уқёнуси Ором
Амир Усмонов, як корманди ширкати таъминоти маводи сӯхт дар шаҳри Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон поёнравии нархи маводи сӯхтро таъйид намуд ва сабаби онро низ шарҳ дод.

“Қурби доллар се чор рӯз аст, ки беист поён рафта истодааст. Ҳар қадар ки қимати он поён шавад, нархи сӯзишворӣ ҳам, ки аз хориҷа ворид мешавад, поён меравад”, – гуфт ин фурӯшандаи маводи сӯхт.

Зимнан бонкҳои Тоҷикистон дар таътили наврӯзӣ ва чанд рӯз аст, ки қурби долларро расман шарҳ надодаанд. Вале онҳое, ки ба “бозори сиёҳ” сарукор доранд, ба уфти назарраси арзиши доллар ва болоравии қурби рубл ишора мекунанд.
Бино ба гуфти ҳамсуҳбатони мо, ҳоло қурби 100 доллари амрикоӣ то ба 1200 сомонӣ дар “бозори сиёҳ” поин шудааст.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд
Як ҳафта қабл бонкҳои Тоҷикистон қурби 100 доллари амрикоиро то ба 1300 сомонӣ муқаррар намуда буданд.
Дар пайи ин эълони расмӣ, арзиши умдатарин маводи ғизоии воридотӣ, аз ҷумла 50 кило орд ба беш аз 310 ва 10 кило шакар ба 130 сомонӣ расид.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст. Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид карда шудааст. Дар ин давра 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст.
Ба Тоҷикистон бензину сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0