https://sputnik.tj/20220309/arzish-benzin-sughd-somoni-rasid-1046639504.html
Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд
Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Гарон шудани арзиши маводи сӯхт дар вилояти Суғд ба нархи роҳки таъсир кард. Ҳоло нархи роҳкиро дар баъзе минтақаҳои ин вилоят аз 25 ба 50 дарсад боло рафт
2022-03-09T14:10+0500
2022-03-09T14:10+0500
2022-03-09T16:37+0500
дар тоҷикистон
суғд
бензин
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577505_0:277:3147:2047_1920x0_80_0_0_84834328bf0e03d83be504b61e6dd423.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маркази вилояти Суғд маводи сӯхт гарон шуд.Агар ҳафтаи қаблӣ арзиши бензини АИ95, 11 сомониро ташкил медод, вале рӯзи 9 март дар тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин 11,3 сомонӣ навишта шудааст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қаблӣ нархи ин навъ бензин 30 дирам афзудааст.Ҳамзамон нархи бензини АИ 92 ҳоло аз 10,7 то 11,1 ва сӯзишвории дизелӣ то 11,3 сомонӣ боло ҷаҳидааст.Танҳо нархи гази моеъ бидуни тағйирот мондааст ва ду ҳафтаи ахир сокинони шаҳри Хуҷанд ин навъ маводи сӯзишвориро бо нархи 6,2 - 6,3 сомонӣ харидорӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода менамоянд. Болоравии нархи гази моеъ ба арзиши ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонда, роҳкиро дар манотиқи вилояти Суғд аз 25 то 50 дарсад боло бурд. Тибқи мушоҳидаҳои сокинон, қаблан нархи гази моеъ танҳо дар аввал ва охири мавсими киштукор каме боло мерафт.Аммо соли гузашта барои нахустин бор дар кишвар афзоиши рекордии қимати гази моеъ сабт шуд, ки он замон қимати як литр газ ба 9 сомонӣ расида буд.
https://sputnik.tj/20220306/benzin-gazu-suzishvori-dizeli-narkhi-mavodi-sukht-tojikiston-1046594740.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577505_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_5f8eaf27f64117e71f27e9b50a33def4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд арзиш бензин газ
Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд
14:10 09.03.2022 (Навсозишуда: 16:37 09.03.2022) Гарон шудани арзиши маводи сӯхт дар вилояти Суғд ба роҳкиро таъсир кард. Ҳоло роҳкиро дар баъзе минтақаҳои ин вилоят аз 25 ба 50 дарсад боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маркази вилояти Суғд маводи сӯхт гарон шуд.
Агар ҳафтаи қаблӣ арзиши бензини АИ95, 11 сомониро ташкил медод, вале рӯзи 9 март дар тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин 11,3 сомонӣ навишта шудааст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қаблӣ нархи ин навъ бензин 30 дирам афзудааст.
Ҳамзамон нархи бензини АИ 92 ҳоло аз 10,7 то 11,1 ва сӯзишвории дизелӣ то 11,3 сомонӣ боло ҷаҳидааст.
Танҳо нархи гази моеъ бидуни тағйирот мондааст ва ду ҳафтаи ахир сокинони шаҳри Хуҷанд ин навъ маводи сӯзишвориро бо нархи 6,2 - 6,3 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода менамоянд. Болоравии нархи гази моеъ ба арзиши ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонда, роҳкиро дар манотиқи вилояти Суғд аз 25 то 50 дарсад боло бурд.
Тибқи мушоҳидаҳои сокинон, қаблан нархи гази моеъ танҳо дар аввал ва охири мавсими киштукор каме боло мерафт.
Аммо соли гузашта барои нахустин бор дар кишвар афзоиши рекордии қимати гази моеъ сабт шуд, ки он замон қимати як литр газ ба 9 сомонӣ расида буд.