Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина аз яке аз шартҳои Русия ҷонибдорӣ карданд

© БелТА / Гузариш ба медиабонкРоссийско-украинские переговоры в Белоруссии
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Вакили собиқи Рада талаби Украинаро барои эътирофи Қрим ҳамчун қаламрави Русия дуруст номид
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Киев бояд тасмими аҳолии Қримро дар бораи пайвастани ин нимҷазира ба Русия эҳтиром кунад. Дар ин бора дар суҳбат бо РИА "Новости" вакили собиқи парлумони Украина Алексей Журавко изҳори назар кардааст.
Қобили зикр аст, ки эътирофи нимҷазира ҳамчун бахше аз қаламрави Федератсияи Русия яке аз талаботи Маскав ба Киев дар ҷараёни амалиёти вижаи ҳифзи Донбасс гардид.

"Русия бо гузоштани шартҳо ва талаби эътирофи мақоми Қрим дар ҳайати Русия кори дуруст мекунад", - таъкид кард ӯ.

Ӯ қайд кард, ки ояндаи худро худи аҳолӣ дар як раъйпурсӣ, ки 8 сол пеш баргузор шуда буд, муайян кард.
"Ин сухан ва тасмими мардуми Қрим буд, ки бояд онро эҳтиром кард", - афзуд ин сиёсатмадор.
Илова бар ин Маскав аз Киев ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, эътирофи истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ, инчунин аз даъвоҳои ҳамроҳ шудан ба "хар як блок" даст кашиданро талаб мекунад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вакили собиқи Рада дар бораи хатари фурӯпошии Украина гуфт
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Донбасс оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд, ҳеҷ чиз мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти таҳоҷумиро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус се марҳилаи музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Айни ҳол гуфтугӯҳо ба таври онлайнӣ идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0