https://sputnik.tj/20220322/ravobit-rusiy-ima-shikast-1046975005.html
Равобити Русияву ИМА дар остонаи шикаст
Равобити Русияву ИМА дар остонаи шикаст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, изҳороти Байден дар бораи Путин равобити Амрикову Русияро дар остонаи қатъ қарор додааст
2022-03-22T07:00+0500
2022-03-22T07:00+0500
2022-03-22T11:46+0500
дар русия
има
владимир путин
ҷо байден
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044799599_0:0:3207:1805_1920x0_80_0_0_ea7dbca75531fe582e9fdf9cabf56117.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки суханони таҳқиромези Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи Владимир Путин равобити Русия ва Амрикоро бадтар мекунад.Байден ҳафтаи гузашта гуфт, ки вай Путинро "ҷинояткори ҷангӣ", "диктатори марговар" ва "роҳзани холис" медонад. Дар робита ба ин Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Русия ба Вазорати хориҷа эҳзор ва ба он нотаи эътирозӣ ба ӯ супурда шуд.Вазорати хориҷаи Русия дар барқияи худ гуфтааст: "Чунин изҳороти раисҷумҳури Амрико, ки шоистаи як мақоми баландпоя нест, равобити Русия ва Амрикоро дар остонаи қатъшавӣ қарор додааст".Рӯзи 21 март Вазорати корҳои хориҷии Русия ба изҳороти ахири Байден дар бораи Владимир Путин ба сафири ИМА дар Маскав нотаи эътирозӣ ироа кард.Муносибатҳои Русияву ИМА дар остонаи харобшавӣ қарор доранд. Салливан огоҳӣ дода шуд, ки ҳар хусумат алайҳи Русия "қотеона рафъ хоҳад шуд".Илова бар ин сафир барои "тазмини шароити кори одӣ барои дипломатҳои рус дар ИМА, аз ҷумла таъмини фаъолияти бефосилаи онҳо" шадидан интиқод шудааст.Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл чунин изҳороти раисҷумҳури Амрикоро дар бомбгузориҳо, ки садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон куштаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ хонд. Песков таъкид кард, ки ин аввалин таҳқири шахсии раҳбари Амрико нисбат ба Путин нест. Дар ҳамин ҳол сухангӯ таъкид кард, ки Кремл паёми Байденро тунд арзёбӣ нахоҳад кард, то ташаннуҷи бештарро ба вуҷуд наорад.
https://sputnik.tj/20220321/veymar-zimbabve-amriko-oyanda-nazar-mekunad-1046963865.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044799599_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_ddbf63f89cf54468d63d45b4a6591c3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
равобит русия има шикаст
Равобити Русияву ИМА дар остонаи шикаст
07:00 22.03.2022 (Навсозишуда: 11:46 22.03.2022) Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, изҳороти Байден дар бораи Путин равобити Амрикову Русияро дар остонаи қатъшавӣ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки суханони таҳқиромези Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи Владимир Путин равобити Русия ва Амрикоро бадтар мекунад.
Байден ҳафтаи гузашта гуфт, ки вай Путинро "ҷинояткори ҷангӣ", "диктатори марговар" ва "роҳзани холис" медонад.
Дар робита ба ин Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Русия ба Вазорати хориҷа эҳзор ва ба он нотаи эътирозӣ ба ӯ супурда шуд.
Вазорати хориҷаи Русия дар барқияи худ гуфтааст: "Чунин изҳороти раисҷумҳури Амрико, ки шоистаи як мақоми баландпоя нест, равобити Русия ва Амрикоро дар остонаи қатъшавӣ қарор додааст".
Рӯзи 21 март Вазорати корҳои хориҷии Русия ба изҳороти ахири Байден дар бораи Владимир Путин ба сафири ИМА дар Маскав нотаи эътирозӣ ироа кард.
Муносибатҳои Русияву ИМА дар остонаи харобшавӣ қарор доранд.
Салливан огоҳӣ дода шуд, ки ҳар хусумат алайҳи Русия "қотеона рафъ хоҳад шуд".
Илова бар ин сафир барои "тазмини шароити кори одӣ барои дипломатҳои рус дар ИМА, аз ҷумла таъмини фаъолияти бефосилаи онҳо" шадидан интиқод шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл чунин изҳороти раисҷумҳури Амрикоро дар бомбгузориҳо, ки садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон куштаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ хонд.
Песков таъкид кард, ки ин аввалин таҳқири шахсии раҳбари Амрико нисбат ба Путин нест. Дар ҳамин ҳол сухангӯ таъкид кард, ки Кремл паёми Байденро тунд арзёбӣ нахоҳад кард, то ташаннуҷи бештарро ба вуҷуд наорад.