Муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳдид ба Русия номиданд

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Коршиносон мегӯянд, чунин хориҷиён метавонанд ба як "силоҳ" дар дасти хадамоти истихбороти хориҷӣ табдил ёбанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ метавонанд ба Русия таҳдид кунанд. Дар ин бора коршиносони Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳори назар кард.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиёнеро, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷат қарор доранд, хадамоти вижаи хориҷӣ раҳбарӣ мекунад.

"Коршиносон аз истифодаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби ниҳодҳои иктишофии хориҷӣ барои анҷом додани фаъолиятҳои тахрибкорӣ, ки ба амнияти Русия зарар мерасонанд, изҳори нигаронӣ кардаанд", - гуфт хадамоти матбуотии Шӯрои амният.

Онҳо қайд карданд, ки чунин хориҷиён метавонанд идеологияи террористиро паҳн кунанд.
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз мақомот таваҷҷуҳи хоса талаб мекунанд, гуфт сухангӯи Кремл Дмитрий Песков. Ба гуфтаи ӯ, ин хориҷиён сатҳи ҷинояткорӣ дар Федератсияи Русияро афзоиш медиҳанд.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Медведев хостори интихоби пешакии муҳоҷирон барои кор дар Русия шуд
Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, барои нақзи қонун ва намоиши ифротгароӣ муҳоҷирон бояд ихроҷ ва дар оянда чунин шаҳрвандон аз вуруд ба қаламрави давлат маҳрум шаванд.
Шӯрои амнияти Русия тадобиреро ироа кардааст, ки ҳадаф аз онҳо пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ дар ин кишвар гуфта мешавад. Яке аз онҳо ҷалби диаспораҳои миллӣ ба ин масъала мебошад.
Эҳтимол намояндагони онҳо тавонанд риояи қонунҳои Русия аз ҷониби ҳамватанони худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 тақрибан 1 миллион нафар ҳуқуқи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Русияро ва патент гирифт.
Лентаи хабарҳо
0