https://sputnik.tj/20220318/medvedev-intikhob-muhojiron-kor-rusiya-1046902870.html
Медведев хостори интихоби пешакии муҳоҷирон барои кор дар Русия шуд
Медведев хостори интихоби пешакии муҳоҷирон барои кор дар Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми ҷалби муҳоҷирон дар Федератсияи Русия бозори меҳнатро баҳо додан лозим аст
2022-03-18T17:15+0500
2022-03-18T17:15+0500
2022-03-18T17:15+0500
дмитрий медведев
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_f5b2e630aec8afb6d821fb463d8eb5b2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мақомот бояд дар ҷалби муҳоҷирон барои кор дар Русия оқилонатар рафтор намоянд. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия зимни суханронӣ дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, бояд интихоби пешакии муҳоҷирон дар кишварҳои дигар сурат бигирад.Вай афзуд, бахши қобили мулоҳизае аз хориҷиён дар корҳое, ки тахассус лозим нест ва вазнини ҷисмонӣ аст, машғули коранд, ки русҳо ба иҷрои он омода нестанд. Медведев шарҳ дод, ки ҳангоми арзёбии вазъи бозори меҳнат ин омилро бояд дар назар дошт. Ӯ ҳамчунин ба гурӯҳи кории комиссия дастур дод, таҷрибаи Ӯзбекистон, лоиҳаи ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ, ки ислоҳи эҳтимолии қонунгузории Русияро имконпазир кардааст, таҳлил кунанд.Қаблан директори созмони ҷамъиятии вилоятии "Маркази тадқиқоти муҳоҷират" Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки тибқи таҳримҳои соли 2022, хуруҷи густурдаи муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ аз Русия дар назар нест.Барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар Русия усулҳои нави дастгирии коргарони навомадаро таҳия мекунанд.
https://sputnik.tj/20220318/muhojiron-qasd-tark-rusiya-1046886200.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e0da0b91905736fa8977894300b507c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев интихоб муҳоҷирон кор русия
медведев интихоб муҳоҷирон кор русия
Медведев хостори интихоби пешакии муҳоҷирон барои кор дар Русия шуд
Ҳангоми ҷалби муҳоҷирон ба Федератсияи Русия бозори меҳнатро баҳо додан лозим аст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мақомот бояд дар ҷалби муҳоҷирон барои кор дар Русия оқилонатар рафтор намоянд.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия зимни суханронӣ дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, бояд интихоби пешакии муҳоҷирон дар кишварҳои дигар сурат бигирад.
"Мо бояд ба раванди ҷалби муҳоҷирон ба Русия бархӯрди оқилонатар кунем, дар кишварҳояшон корҳои муқаддамотӣ гузаронем, номзадҳоро мувофиқи ниёзҳои иқтисодии худ интихоб кунем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, бахши қобили мулоҳизае аз хориҷиён дар корҳое, ки тахассус лозим нест ва вазнини ҷисмонӣ аст, машғули коранд, ки русҳо ба иҷрои он омода нестанд.
Медведев шарҳ дод, ки ҳангоми арзёбии вазъи бозори меҳнат ин омилро бояд дар назар дошт.
Ӯ ҳамчунин ба гурӯҳи кории комиссия дастур дод, таҷрибаи Ӯзбекистон, лоиҳаи ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ, ки ислоҳи эҳтимолии қонунгузории Русияро имконпазир кардааст, таҳлил кунанд.
Қаблан директори созмони ҷамъиятии вилоятии "Маркази тадқиқоти муҳоҷират" Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки тибқи таҳримҳои соли 2022, хуруҷи густурдаи муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ аз Русия дар назар нест.
Барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар Русия усулҳои нави дастгирии коргарони навомадаро таҳия мекунанд.