https://sputnik.tj/20220322/kreml-izhoroti-zelenskiy-raypursii-ukrana-1046991898.html
Назари Кремл дар бораи изҳороти Зеленский дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ дар Украина
Назари Кремл дар бораи изҳороти Зеленский дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Украина гуфт, масоили марбут ба Луганск, Донетск ва Қримро бояд мардуми кишвар зимни як раъйпурсии умумихалқӣ ҳал кунад
2022-03-22T18:10+0500
2022-03-22T18:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
сиёсат
раъйпурсӣ
владимир зеленский
дмитрий песков
кремл
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_4768e13928c759309c16aac836be6670.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Украина чун як кишвари мустақил ҳақ ба идораи равандҳои дохилии худ дорад, аммо таъхири музокирот хушоянд нест, изҳор дошт намояндаи Кремл Дмитрий Песков. Ӯ чунин нуктаро дар посух ба изҳороти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар бораи зарурати раъйпурсии умумихалқӣ дар масоили кафолати амниятӣ, ҶХД, ҶХЛ ва Қрим баён дошт. Вай афзуд, дар ҳолати феълӣ оммавӣ кардани ин нукот танҳо бар зарари кор хоҳад буду музокиротро халалдор хоҳад кард, ки бе ин ҳам суст ҷараён дорад. Ба суоли мушаххаскунанда дар мавриди раъйпурсӣ баъди омодасозии бастаи пешниҳодҳо сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки ин ба баъзе аз омилҳо вобаста аст, ки бояд музокиракунандагон баррасӣ намоянд. "Ҳайати музокиракунандаи мо тамоми салоҳиятҳо, ташхиси зарурӣ ва иродаи сиёсии роҳбари давлатро доранд. Он тарафаш ба уҳдаи ҷониби украинист", - гуфт Песков. Вай илова намуд, ки ҷониби Русия барвақт бастаи лоиҳаҳоро ба Киев пешниҳод кард, ки ба бархеи он Киев посух додаасту бархеи дигарро бепосух гузоштааст. Нашри ин тарҳҳоро Песков ғайриимкон арзёбӣ намуд. Музокироти Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220322/ukraina-shart-rusiyaro-dastgiri-1046978661.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_acfdda6a5461de8bd4a08df5d0593556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, кремл, нақша, раъйпурсӣ, украина
вокуниш, кремл, нақша, раъйпурсӣ, украина
Назари Кремл дар бораи изҳороти Зеленский дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ дар Украина
18:10 22.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Президенти Украина гуфт, масоили марбут ба Луганск, Донетск ва Қримро бояд мардуми кишвар зимни як раъйпурсии умумихалқӣ ҳал кунад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Украина чун як кишвари мустақил ҳақ ба идораи равандҳои дохилии худ дорад, аммо таъхири музокирот хушоянд нест, изҳор дошт намояндаи Кремл Дмитрий Песков.
Ӯ чунин нуктаро дар посух ба изҳороти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар бораи зарурати раъйпурсии умумихалқӣ дар масоили кафолати амниятӣ, ҶХД, ҶХЛ ва Қрим баён дошт.
"Украина давлати мустақил аст ва идораи бархе равандҳои дохилиро дар даст бояд дошта бошад. Дар баробари ин нуктаҳое низ ҳастанд, ки сари мизи ҳайати музокироти ду кишвар ҳал мешаванд", - гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Вай афзуд, дар ҳолати феълӣ оммавӣ кардани ин нукот танҳо бар зарари кор хоҳад буду музокиротро халалдор хоҳад кард, ки бе ин ҳам суст ҷараён дорад.
Ба суоли мушаххаскунанда дар мавриди раъйпурсӣ баъди омодасозии бастаи пешниҳодҳо сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки ин ба баъзе аз омилҳо вобаста аст, ки бояд музокиракунандагон баррасӣ намоянд.
"Ҳайати музокиракунандаи мо тамоми салоҳиятҳо, ташхиси зарурӣ ва иродаи сиёсии роҳбари давлатро доранд. Он тарафаш ба уҳдаи ҷониби украинист", - гуфт Песков.
Вай илова намуд, ки ҷониби Русия барвақт бастаи лоиҳаҳоро ба Киев пешниҳод кард, ки ба бархеи он Киев посух додаасту бархеи дигарро бепосух гузоштааст. Нашри ин тарҳҳоро Песков ғайриимкон арзёбӣ намуд.
Музокироти Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ ҷараён дорад.