https://sputnik.tj/20220131/khadamot-aloqa-internet-vmkb-1045343616.html
Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод
Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи интернет дар пайи ҳаводиси Хоруғро шарҳ дод
2022-01-31T12:12+0500
2022-01-31T12:12+0500
2022-01-31T18:58+0500
хадамоти алоқа
дар тоҷикистон
вмкб
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032733493_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_88cbb6b783973693fd042f97ce99fdbd.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба суоли журналистон маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонд.Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.Ин дар ҳолест, сокинони ин минтақа аз он шикоят доранд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.Номбурда таъкид кард, ки вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ба ҳама маълум аст ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тамоми имконотро ба кор хоҳанд бурд.Ёдовар мешавем, алоқаи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву захмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.Дар пайи ин теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки интернетро дар Бадахшон барқарор намоянд
https://sputnik.tj/20220129/sozmonhoi-huquqi-bashar-maqomot-tojikiston-internetr-badakhshon-1045319687.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032733493_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_17649d1be7d005a963692c50d7ba9b76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамоти алоқа интернет вмкб
хадамоти алоқа интернет вмкб
Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод
12:12 31.01.2022 (Навсозишуда: 18:58 31.01.2022) Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи интернет дар пайи ҳаводиси Хоруғро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба суоли журналистон маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонд.
Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.
Ин дар ҳолест, сокинони ин минтақа аз он шикоят доранд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.
Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.
"Он техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари аҳолии Тоҷикистон ва минтақа равона шудааст, барои мо лозим нест", - афзуд Илҳомҷон Атоев.
Номбурда таъкид кард, ки вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ба ҳама маълум аст ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тамоми имконотро ба кор хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, алоқаи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву захмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.
Дар пайи ин теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки интернетро дар Бадахшон барқарор намоянд