Толибон: Агар мардум Наврӯзро ҷашн гиранд, мо мухолифат намекунем

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Намояндаи толибон мегӯяд, ин ид мусалмонӣ нест ва онро қабул надоранд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳукумати муваққати Афғонистон мегӯяд, Наврӯзро дар ин кишвар таҷлил намекунанд.
Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид намояндаи толибон ба расонаҳо хабар додааст.

"Ин ид аз мусалмонон нест ва аз ин рӯ дар чаҳорчӯби давлати исломӣ наметавонад таҷлил шавад", - тавзеҳ додааст Муҷоҳид.

Аммо номбурда илова намуд, ки агар мардуми Афғонистонро Наврӯзро ҷашн гиранд, мақомот ба ин кор дахолат намекунанд.
Сокинони шаҳри Мазори Шариф, ки ба таври суннатӣ Наврӯз дар он таҷлил мешавад ва ҳамасола ба ин муносибат ҳазорон нафар аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба он ҷо меоянд, барои омодагӣ ба ин ҷашн аллакай як қатор чорабиниҳо барпо кардаанд.
Боевики Талибан* поднимают свой флаг в городе Газни  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Толибон парчами серангаи миллии Афғонистонро манъ карданд
Қаблан Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир, сухангӯ ва раиси иттилооти Вазорати иршод, амр ба маъруф ва наҳй аз манкури ҳукумати толибон низ гуфта буд, ки Наврӯз дар Ислом нест.
Ӯ гуфт, "дар Ислом мо танҳо ду ид дорем: Иди Фитр ва Иди Қурбон. Дар Ислом иди дигаре вуҷуд надорад, ки Наврӯз ном дошта бошад".
Ин мақомдори аршади толибҳо дар бораи ин ки оё се рӯзи рухсатии Наврӯз дар соли оянда ҳифз хоҳад шуд ё на, гуфт: “Бояд дид, ки идораи кору умури иҷтимоӣ чӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо ба эҳтимоли зиёд ин се рӯз таътил нахоҳад буд”.
Лентаи хабарҳо
0