Русия аз музокирот дар бораи созишномаи сулҳ бо Ҷопон даст кашид

© Sputnik / Алексей МайшевЗдание МИД РФ
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷа эълон кард, ки Русия аз музокира дар бораи созишномаи сулҳ бо Ҷопон даст каишид
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав ба далели таҳримҳои ҷори кардаи Ҷопон алайҳи Русия аз музокироти сулҳ бо ин кишвар худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Ҷониби Русия дар шароити ҳозира ният надорад, бо Ҷопон кишваре, ки равобити ғайридустона бо мо дорад ва талош барои мутазаррир кардани манфиатҳои кишвари мо мекунад, музокира дар бораи созишномаи сулҳ намояд”, - гуфта мешавад дар паём вазорати хориҷа, ки дар сомонаи расмиаш нашр шудааст.
Тавре ВУХ таъкид кардааст, "тамоми масъулият барои зиён расидани ҳамкориҳои Русияву Ҷопон" бар дӯши Токио вогузо мешавад, ки дидаву дониста "ба ҷои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамсоягии нек" роҳи зидди Русияро интихоб кардааст.
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
ВУХ: Баёнияи Байден нисбати Путин эҳтимоли қатъи равобити Русияву Амрикоро ба вуҷуд меорад
Русия сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Ҷопонро ба ҷазираҳои ҷанубии Курил қатъ мекунад, аз муколама дар бораи роҳандозии фаъолияти муштараки иқтисодӣ дар он ҷо хориҷ мешавад ва ҳамчунин ба тамдиди мақоми Ҷопон ба унвони шарики Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Баҳри Сиёҳ дар муколамаи соҳавӣ монеъ мешавад.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, бисёре аз кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама алайҳи бахши бонкӣ ва таҳвили маҳсулоти технологӣ эълом карданд..
Ҷопон низ чанд бастаи таҳримот ҷорӣ кардааст. Маҳдудиятҳо ба даҳҳо мансабдорону ширкатҳо ва содироти садҳо моли гуногун таъсир расонд.
Лентаи хабарҳо
0