https://sputnik.tj/20220321/vukh-bayoniyai-bayden-putin-qati-ravobit-rusiya-amriko-1046971333.html
ВУХ: Баёнияи Байден нисбати Путин эҳтимоли қатъи равобити Русияву Амрикоро ба вуҷуд меорад
ВУХ: Баёнияи Байден нисбати Путин эҳтимоли қатъи равобити Русияву Амрикоро ба вуҷуд меорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, суханони Байден нисбати Путин метавонад равобити Вашингтон ва Маскавро қатъ намояд
2022-03-21T20:20+0500
2022-03-21T20:20+0500
2022-03-21T20:53+0500
путин
дар русия
амрико
ҷо байден
равобит
қатъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_0:0:2566:1444_1920x0_80_0_0_46edf962a69cd0aea5bcf84784cca988.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Изҳороти ғайриқобили қабули раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден нисбати Владимир Путин, роҳбари Русия эҳтимоли қатъи равобити Маскаву Вашингтонро ба вуҷуд меорад, гуфтааст Вазорати умури хориҷии Русия.Байден ҳафтаи гузашта гуфт, Путинро ҳамчун "ҷинояткори ҷангӣ" медонад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, ахиран ба РИА “Новости” гуфт, чунин суханони раисҷумҳури Амрико, ки бар асари бомбҳои ин кишвар садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохтаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданиянд.Кремл ин рафторро ба асабоният ва фаромӯшхотирии соҳиби Кохи Сафед рабт дод.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220321/barjastai-nizomii-mariupol-shikasti-artishi-ukraina-nato-1046966289.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_41:0:2230:1642_1920x0_80_0_0_41ce71becf759fdfec34fca813fa1059.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, байден, қатъи равобит, путин
русия, амрико, байден, қатъи равобит, путин
ВУХ: Баёнияи Байден нисбати Путин эҳтимоли қатъи равобити Русияву Амрикоро ба вуҷуд меорад
20:20 21.03.2022 (Навсозишуда: 20:53 21.03.2022) Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, суханони Байден нисбати Путин метавонанд равобити Вашингтон ва Маскавро қатъ намоянд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Изҳороти ғайриқобили қабули раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден нисбати Владимир Путин, роҳбари Русия эҳтимоли қатъи равобити Маскаву Вашингтонро ба вуҷуд меорад, гуфтааст Вазорати умури хориҷии Русия.
Байден ҳафтаи гузашта гуфт, Путинро ҳамчун "ҷинояткори ҷангӣ" медонад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, ахиран ба РИА “Новости” гуфт, чунин суханони раисҷумҳури Амрико, ки бар асари бомбҳои ин кишвар садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохтаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданиянд.
Кремл ин рафторро ба асабоният ва фаромӯшхотирии соҳиби Кохи Сафед рабт дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.