https://sputnik.tj/20220321/qodirov-moshini-ghanimat-ukraina-kiev-1046946986.html
Қодиров гуфт, бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина ба Киев меравад
Қодиров гуфт, бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина ба Киев меравад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чеченистон Қодиров дар бораи нақшаи ворид шудан ба Киев бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина гуфт
2022-03-21T09:00+0500
2022-03-21T09:00+0500
2022-03-21T11:49+0500
рамазон қодиров
украина
дар русия
киев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_0:0:1233:694_1920x0_80_0_0_bcea85048fc55a386864c420a946c754.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-аш видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифта аз артиши Украинаро идора мекунад ва аз нақшаи рафтан бо он ба Киев хабар медиҳад. Ӯ ҳамзамон нигоштааст, ки дар оянда ният дорад, ки корхонаи истеҳсоли ин мошинҳои зиреҳпӯшро барои эҳтиёҷоти низомиёни Русия ба роҳ монад.Вай як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯшро барои хидматчиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти вижа дар Украина ширкат мекунанд, нишон дод.Номбурда гуфтааст, ҳарбиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти махсус дар Украина иштирок мекунанд, аллакай беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти моддию техникӣ доранд. "Дар ин кор ба мо Фонди ҷамъиятии вилоятии ба номи Қаҳрамони Русия Аҳмадхоҷӣ Қодиров ёрӣ мерасонад. Тасдиқи рӯшани ин як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯши замонавӣ мебошад, ки фонд онҳоро махсус барои ҷангиёни мо харидааст”, - афзуд раиси Чеченистон.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220320/hushdori-shuroi-federatsiya-ukraina-gurjiston-nato-1046945212.html
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_29:0:1186:868_1920x0_80_0_0_0468624b3a45919ce1f10761d270d0eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қодиров зиреҳпӯш ғанимат украина киев
қодиров зиреҳпӯш ғанимат украина киев
Қодиров гуфт, бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина ба Киев меравад
09:00 21.03.2022 (Навсозишуда: 11:49 21.03.2022) Раҳбари Чеченистон Қодиров дар бораи нақшаи ворид шудан ба Киев бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-аш видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифта аз артиши Украинаро идора мекунад ва аз нақшаи рафтан бо он ба Киев хабар медиҳад.
"Имрӯз ман савори мошини зиреҳпӯши генералии ғаниматгирифта шудам, ки онро дар Украина аз фармондеҳони миллатгароён мусодира карда будем... Бо кумаки Аллоҳи мутаол базудӣ бо он ба Киев меравам!", - навиштааст Қодиров.
Ӯ ҳамзамон нигоштааст, ки дар оянда ният дорад, ки корхонаи истеҳсоли ин мошинҳои зиреҳпӯшро барои эҳтиёҷоти низомиёни Русия ба роҳ монад.
Вай як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯшро барои хидматчиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти вижа дар Украина ширкат мекунанд, нишон дод.
Номбурда гуфтааст, ҳарбиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти махсус дар Украина иштирок мекунанд, аллакай беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти моддию техникӣ доранд.
"Дар ин кор ба мо Фонди ҷамъиятии вилоятии ба номи Қаҳрамони Русия Аҳмадхоҷӣ Қодиров ёрӣ мерасонад. Тасдиқи рӯшани ин як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯши замонавӣ мебошад, ки фонд онҳоро махсус барои ҷангиёни мо харидааст”, - афзуд раиси Чеченистон.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.