Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳушдори Шӯрои федератсия ба Украинаву Гурҷистон дар бораи паёмадҳои пайвастан ба НАТО

© AFP 2023 / GEORGES GOBETФлаг НАТО, архивное фото
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Сенатори Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, узви НАТО шудани Украина ва Гурҷистон барои ин кишварҳо марговар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Андрей Климов, раиси комиссияи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури ҳифзи истиқлол қайд кард, ки вуруди Украина ва Гурҷистон ба НАТО ва дар сурати мухолифат бо Русия барои ин кишварҳо пайомадҳои марговар хоҳад дошт.

“Агар Украина ё Гурҷистон ба НАТО дохил шаванд, вазъ метавонад барои онҳо комилан дигар - марговар, монанди ҳар як кишвари дигари НАТО шавад”, - навиштааст сенатор дар шабакаи "Telegram"-и худ.

Ба гуфтаи Климов, пайвастан ба НАТО "ба як дастаи худкуш баробар аст". Ба ҳамин хотир сухани ҳавоӣ нест, балки баёни як далел аст, ки барои одамони доно рӯшан аст.
“Афсӯс, ки дар кишварҳои аврупоии НАТО амалан раҳбарони оқил боқӣ намондаанд”, - хулоса кард сиёсатмадор.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Фронтовой бомбардировщик Су-24М, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Артиши Русия беш аз сад низомию зархариди хориҷиро дар наздикии Житомер нобуд кард
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0