Президент хонаи рамзии Ҷалолиддини Балхӣ дар Тоҷикистонро кушод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин меҳмонони хонаи навбунёди рамзии Ҷалолиддини Балхӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ" ба масоҳати 1 ҳазор метри мураббаъ ва баландии 3,5 метр дар вилояти Хатлон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон кушода шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Хона-музей бодарназардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад. Аз ҷумла даромадгоҳ, ҳавлии берун, дарсхона, макони истироҳат, чиллахона, хонаҳо барои мардону занон ва ғайраро дар бар мегирад.
Манбаъ афзуд, ки "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ" намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад.
Эмомали Рахмон, президент РТ вручает сиротам подарки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Аз оғози кишти пахта то ифтитоҳи биноҳои нав: сафари кории Раҳмон ба Леваканту Кӯшониён
Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин иншоотро дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо барои ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи миллат барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ хондаст.
Ӯ махсусан мутолиаи "Маснавии маънави"-и Ҷалолиддини Балхиро ба ҷавонон маслиҳат додаст, то тафаккури худро тақвият бахшанд.
Президент зимни суҳбат бо масъулони вилоят барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани фарзандони фарзонаи миллат, омӯзиши васеи ашъори баландпояи Ҷалолиддини Балхӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас супориш додаст.
Лентаи хабарҳо
0