https://sputnik.tj/20220321/jabborov-bodkand-tabrikot-navruz-munoqisha-marz-1046972507.html
Ҷабборов дар Бодканд зимни табрикоти наврӯзӣ аз муноқишаи марзӣ низ гуфт
Ҷабборов дар Бодканд зимни табрикоти наврӯзӣ аз муноқишаи марзӣ низ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Қирғизистон мушкили баҳсҳои марзиро “мероси талх”-и ҳукуматҳои мухталиф номид
2022-03-21T21:00+0500
2022-03-21T21:00+0500
2022-03-21T21:00+0500
қирғизистон
баҳси марзӣ
содир ҷабборов
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_0:188:3017:1885_1920x0_80_0_0_2bb5f46ff7ca0070f4367afcd9df4f18.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни табрики шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо фарорасии Наврӯз аз муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистон ёдовар шуд. Номбурда барои таҷлили ҷашн ба вилояти Бодканд рафт. Ҷабборов интихоби худро бо он шарҳ дод, ки маҳз аз ҳамин минтақа "Ватани мо сар мешавад, маҳз дар ҳамин ҷо гули машҳур"-и моҳ "айгул" бо ранги оташин месӯзад. Вилояти Бодканд “бисёр шахсиятҳои барҷастаи таърихии Қирғизистони соҳибистиқлолро додааст”, таъкид кард президент. Ҷабборов дар табрикномаи худ дар бораи афзалиятхои асосии вилоят сухан ронда гуфт, бисёр канданиҳои фоиданок мавҷуданд, меваю ангишт, газу нефт ба хориҷа бароварда мешаванд. Иқтисодиёти минтақа, ба гуфтаи президенти Қирғизистон, имконоти бузург дорад. Аммо вақте ки Бодканд ба воҳиди мустақили маъмурӣ табдил ёфт, ҳукуматдорон ба он эътибори даркорӣ надоданд. Ба гуфтаи ӯ, "дар ид дар ин бора сухан намегӯяд, аммо ин як ҳақиқати талх аст, ки аз он канорагирӣ кардан мумкин нест." Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ба насли оянда ин "тасвири зишт" боқӣ нахоҳад монд. Ёдовар мешавем, ки қаламравҳои тақсимнашудаи Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи даргириҳо табдил меёбанд. Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад имконнопазир аст. Охирин муноқишаи густарда шоми 27 январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аъло рух дод, ки дар пайи ду ҳалокшуда ва 17 тани дигар захмӣ дошт.
https://sputnik.tj/20220314/qirghiz-sag-khona-isfara-marz-1046780725.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294300_120:0:2799:2009_1920x0_80_0_0_1349bfd70aa43d28b94ba76b81140da9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов бодканд табрикот наврӯзӣ муноқиша марзӣ
ҷабборов бодканд табрикот наврӯзӣ муноқиша марзӣ
Ҷабборов дар Бодканд зимни табрикоти наврӯзӣ аз муноқишаи марзӣ низ гуфт
Сарвари Қирғизистон мушкили баҳсҳои марзиро “мероси талх”-и ҳукуматҳои мухталиф номид
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни табрики шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо фарорасии Наврӯз аз муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистон ёдовар шуд.
Номбурда барои таҷлили ҷашн ба вилояти Бодканд рафт. Ҷабборов интихоби худро бо он шарҳ дод, ки маҳз аз ҳамин минтақа "Ватани мо сар мешавад, маҳз дар ҳамин ҷо гули машҳур"-и моҳ "айгул" бо ранги оташин месӯзад.
Вилояти Бодканд “бисёр шахсиятҳои барҷастаи таърихии Қирғизистони соҳибистиқлолро додааст”, таъкид кард президент.
Ҷабборов дар табрикномаи худ дар бораи афзалиятхои асосии вилоят сухан ронда гуфт, бисёр канданиҳои фоиданок мавҷуданд, меваю ангишт, газу нефт ба хориҷа бароварда мешаванд.
Иқтисодиёти минтақа, ба гуфтаи президенти Қирғизистон, имконоти бузург дорад. Аммо вақте ки Бодканд ба воҳиди мустақили маъмурӣ табдил ёфт, ҳукуматдорон ба он эътибори даркорӣ надоданд.
"Баҳсҳо ва муноқишаҳои сарҳадӣ, ки ҳамчун мероси ғамангез аз як маъмурияти давлатии вилоят ба дигараш мегузаранд, ба муқовимати мусаллаҳона мубаддал шуданд, ки оқибатҳои ғамангез дорад", - гуфтҶабборов.
Ба гуфтаи ӯ, "дар ид дар ин бора сухан намегӯяд, аммо ин як ҳақиқати талх аст, ки аз он канорагирӣ кардан мумкин нест."
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ба насли оянда ин "тасвири зишт" боқӣ нахоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки қаламравҳои тақсимнашудаи Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи даргириҳо табдил меёбанд.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад имконнопазир аст.
Охирин муноқишаи густарда шоми 27 январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аъло рух дод, ки дар пайи ду ҳалокшуда ва 17 тани дигар захмӣ дошт.