https://sputnik.tj/20220314/qirghiz-sag-khona-isfara-marz-1046780725.html
"Сагро нишон гирифтаанду ба хонаи сокини Исфара расидаанд": тавзеҳи тирпаронии марзӣ
"Сагро нишон гирифтаанду ба хонаи сокини Исфара расидаанд": тавзеҳи тирпаронии марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Қирғизистон тирпаронии охири марзиро, ки якчанд тир ба хонаи сокини ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара расиданд, тасодуфӣ хондаанд
2022-03-14T14:48+0500
2022-03-14T14:48+0500
2022-03-23T12:41+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
тир
марзбон
исфара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101950/34/1019503488_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_43b019c753fa5d59cabbdbb9cf64f600.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, чанд тире, ки ба дарахтону девори хонаи сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара расидаанд, барои нобуд кардани як саги дайду шиллик шудаанд. Абдунаим Абдуллоев, соҳиби хонае, ки ҳадафи марзбонҳои қирғиз қарор гирифтааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодиса пеш аз зуҳри 13 март, замоне ки кӯдаконаш дар ҳавлӣ машғули бозӣ буданд, рӯх дод. Манбаъ аз шаҳрдории Исфара бо таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон изҳор кард, ки фавран қазияро бо марзбонҳои қирғиз дар миён гузоштаанд. "Мақомоти сарҳадбонии кишвари ҳамсоя гуфтаанд, ки сарбозону афсарон он вақт ба парондани саг машғул шудаанд, ки чанд дона тири шилликшуда ба хонаи сокини деҳаи Сомониён расидааст”, – гуфт мусоҳиб. Ин дар ҳолест, ки 12 март дар пайи мулоқоти 7-соатии фармондеҳони марзбонии ду кишвар санаде имзо шуд, ки бар асоси он, истифодаи силоҳ дар марз ба ҷузъ ҳолатҳои махсус мамнуъ мебошад. Мақомоти ду кишвар ҳадафи гуфтушунидро пешгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ ва таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ арзёбӣ кардаанд. Таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд. Ҳамчунин шаби 11 март низ аз тарафи марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушода шуд, ки мақомот онро тасдиқ карданд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст.
https://sputnik.tj/20220312/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-1046744249.html
қирғизистон
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101950/34/1019503488_233:0:1804:1178_1920x0_80_0_0_8293e2568d38e4e764237b0413f0ae99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавзеҳ, тирпаронӣ, марз, тоҷикистон, қирғизистон
тавзеҳ, тирпаронӣ, марз, тоҷикистон, қирғизистон
"Сагро нишон гирифтаанду ба хонаи сокини Исфара расидаанд": тавзеҳи тирпаронии марзӣ
14:48 14.03.2022 (Навсозишуда: 12:41 23.03.2022) Эксклюзив
Ҷониби Қирғизистон тирпаронии ахири марзиро, ки тайи он якчанд тир ба хонаи сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара расидааст, тасодуфӣ хондааст
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, чанд тире, ки ба дарахтону девори хонаи сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара расидаанд, барои нобуд кардани як саги дайду шиллик шудаанд.
Абдунаим Абдуллоев, соҳиби хонае, ки ҳадафи марзбонҳои қирғиз қарор гирифтааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодиса пеш аз зуҳри 13 март, замоне ки кӯдаконаш дар ҳавлӣ машғули бозӣ буданд, рӯх дод.
"Он вақт ман машғули кор дар саҳро будам, ки ҳамсарам дар ин бора бароям хабар расонд. Фарзандонам рӯи ҳавлӣ бозӣ мекарданд, хушбахтона, тирҳо ба аъзои оилаам нарасиданд”, – гуфт Абдуллоев.
Манбаъ аз шаҳрдории Исфара бо таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон изҳор кард, ки фавран қазияро бо марзбонҳои қирғиз дар миён гузоштаанд.
"Мақомоти сарҳадбонии кишвари ҳамсоя гуфтаанд, ки сарбозону афсарон он вақт ба парондани саг машғул шудаанд, ки чанд дона тири шилликшуда ба хонаи сокини деҳаи Сомониён расидааст”, – гуфт мусоҳиб.
Ин дар ҳолест, ки 12 март дар пайи мулоқоти 7-соатии фармондеҳони марзбонии ду кишвар санаде имзо шуд, ки бар асоси он, истифодаи силоҳ дар марз ба ҷузъ ҳолатҳои махсус мамнуъ мебошад.
Мақомоти ду кишвар ҳадафи гуфтушунидро пешгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ ва таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ арзёбӣ кардаанд.
Таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд. Ҳамчунин шаби 11 март низ аз тарафи марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушода шуд, ки мақомот онро тасдиқ карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст.