https://sputnik.tj/20220321/barkhurd-moshin-shohroh-ayni-mastchoh-1046952137.html
Бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Айнӣ - Мастчоҳ як кушта бар ҷо гузошт
Бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Айнӣ - Мастчоҳ як кушта бар ҷо гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Сабаб сар задани садама аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронандаи тамғаи "Опел - Зефира" гуфта мешавад
2022-03-21T11:40+0500
2022-03-21T11:40+0500
2022-03-21T18:28+0500
дар тоҷикистон
садама
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/01/1022630149_0:48:2500:1454_1920x0_80_0_0_4dd2a47eaba01ba382d11bc01415cfba.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи Айни - Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира", ки сокини ноҳияи Айнӣ буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.Зимнан ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Дулан" бархӯрдааст.Ин мошинро ронандаи 35-сола сокини ҳамин ноҳия идора мекард.Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба автомашинаи "Дулан" ронандаи мошини аввалӣ ҷароҳат бардошта, ҷон додааст.ВУД зикр накардааст, ки ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ё зимни интиқол додан ба бемористон.Феълан кормандони умури дохилӣ вобаста ҳолати рухдодаро таҳқиқ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар роҳи Душанбе - Чаноқ зимни бархӯрди ду мошин се нафар ҷон дод, ки яке аз фавтидагон ноболиғи 14-сола буд.
https://sputnik.tj/20220317/sadama-margbor-khatlon-1046861714.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/01/1022630149_168:0:2391:1667_1920x0_80_0_0_007ef94979882e701b85602ec67e7a2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
айнӣ мастчоҳ роҳ садама
Бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Айнӣ - Мастчоҳ як кушта бар ҷо гузошт
11:40 21.03.2022 (Навсозишуда: 18:28 21.03.2022) Сабаби сар задани садама аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронандаи тамғаи "Опел - Зефира" гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи Айни - Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира", ки сокини ноҳияи Айнӣ буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.
Зимнан ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Дулан" бархӯрдааст.
Ин мошинро ронандаи 35-сола сокини ҳамин ноҳия идора мекард.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба автомашинаи "Дулан" ронандаи мошини аввалӣ ҷароҳат бардошта, ҷон додааст.
ВУД зикр накардааст, ки ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ё зимни интиқол додан ба бемористон.
Феълан кормандони умури дохилӣ вобаста ҳолати рухдодаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар роҳи Душанбе - Чаноқ зимни бархӯрди ду мошин се нафар ҷон дод, ки яке аз фавтидагон ноболиғи 14-сола буд.