https://sputnik.tj/20220317/sadama-margbor-khatlon-1046861714.html
Ду садамаи маргбори як рӯз дар Хатлон, ки ҷони се нафарро гирифт
Ду садамаи маргбори як рӯз дар Хатлон, ки ҷони се нафарро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Давоми шабонарӯзи гузашта дар вилояти Хатлон се нафар бар асари садамаҳои нгақлиётӣ ҷон додааст
2022-03-17T11:04+0500
2022-03-17T11:04+0500
2022-03-17T13:00+0500
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
панҷ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:630_1920x0_80_0_0_fe17826d9110d9dced57afb938a9f4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рух додани ду садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он се нафар ҳалок шудааст.Тибқи иттилои ин ниҳод, 16-уми марти соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи УАЗ-3151, Абдумуминов Лутфуллои 72-сола, сокини ноҳияи Балҷувон дар роҳи байни деҳаҳои Сари Мазори ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар гардиши болои деҳаи онро чаппа кардааст.Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина Суҳроб Ҳафизови 27-сола, Шифои Намозалии 23-сола, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.Ҳамзамон дар зуҳри ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21010, Аъзам Раҳималиеви 28-сола, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучори садама шудааст.Ба иттилои манбаъ, ӯ нахуст бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда Муҳаммад Сайфуддинови 29-сола, сокини ҳамин ноҳия будааст, бархӯрдааст.Дар навбати худ автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бошад, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини ноҳияи мазкур бархӯрдаааст, ки дар натиҷа мусофири ВАЗ-21010 Гулбаҳор Турдиеваи 49-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.ВУД мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад.
https://sputnik.tj/20220316/sadama-margbor-rohi-dushanbe-chanoq-1046837095.html
панҷ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:839_1920x0_80_0_0_0a793730bf0bd9c7b2fd255308622057.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама маргбор хатлон
Ду садамаи маргбори як рӯз дар Хатлон, ки ҷони се нафарро гирифт
11:04 17.03.2022 (Навсозишуда: 13:00 17.03.2022) Дар шабонарӯзи гузашта дар вилояти Хатлон се нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон додаанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рух додани ду садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он се нафар ҳалок шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 16-уми марти соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи УАЗ-3151, Абдумуминов Лутфуллои 72-сола, сокини ноҳияи Балҷувон дар роҳи байни деҳаҳои Сари Мазори ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар гардиши болои деҳаи онро чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина Суҳроб Ҳафизови 27-сола, Шифои Намозалии 23-сола, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамзамон дар зуҳри ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21010, Аъзам Раҳималиеви 28-сола, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучори садама шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ нахуст бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда Муҳаммад Сайфуддинови 29-сола, сокини ҳамин ноҳия будааст, бархӯрдааст.
Дар навбати худ автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бошад, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини ноҳияи мазкур бархӯрдаааст, ки дар натиҷа мусофири ВАЗ-21010 Гулбаҳор Турдиеваи 49-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад.