https://sputnik.tj/20220320/zelenskiy-faolyati-hizbi-mukholif-man-kard-1046939963.html
Зеленский фаъоляти чанд ҳизби мухолифро манъ кард
Зеленский фаъоляти чанд ҳизби мухолифро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти милии Украина фаъолияти чанд ҳизби мухолиф аз ҷумла Ҳизби мухолифи “Барои ҳаёт” ва Ҳизби Шарийро мувақаттан манъ кард
2022-03-20T16:00+0500
2022-03-20T16:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
фаъолият
манъ
ҳизб
мухолиф
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_0:6:2700:1525_1920x0_80_0_0_b17f662c1d3f9eea74628a3b280cbea4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Шӯрои амнияти миллӣ дар даврони вазъи низомӣ дар ин кишвар ҳама гуна фаъолияти баъзе аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби опозитсионии “Барои ҳаёт”-ро қатъ кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.“Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ бо дарназардошти ҷанги комил ва равобити бархе аз сохторҳои сиёсии ин ҳизбҳо бо ин кишвари душман тасмим гирифт, ки ҳама гуна фаъолияти бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар даврони вазъи низомӣ мутаваққиф шавад”, - гуфт Зеленский.Сухан дар бораи “Платформаи оппозитсионӣ барои ҳаёт” (ОПЗЖ)-и Виктор Медведчук, “Ҳизби Шария” ва “Наш” меравад. Ғайр аз ин фаъолияти ҳизби мухолифи прогрессивии сотсиалистии Украина, Ҳизби сотсиалистии Украина мамнуъ шудааст.Ба Вазорати адлияи Украина дастур дода шуд, ки алайҳи нерӯҳои сиёсии номбаршуда “фавран” чораҳои дахлдор андешида шавад.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20220320/vukh-chin-mavqe-ukraina-voqebinona-odilona-1046937571.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_187:0:2544:1768_1920x0_80_0_0_ced6b88deb7d9937e4c5ed7cebe0b0f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, ҳизби мухолиф, фаъолият, манъ
русия, украина, ҳизби мухолиф, фаъолият, манъ
Зеленский фаъоляти чанд ҳизби мухолифро манъ кард
16:00 20.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Шӯрои амнияти милии Украина фаъолияти чанд ҳизби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби мухолифи “Барои ҳаёт” ва Ҳизби Шарияро мувақаттан манъ кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Шӯрои амнияти миллӣ дар даврони вазъи низомӣ дар ин кишвар ҳама гуна фаъолияти баъзе аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби опозитсионии “Барои ҳаёт”-ро қатъ кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ бо дарназардошти ҷанги комил ва равобити бархе аз сохторҳои сиёсии ин ҳизбҳо бо ин кишвари душман тасмим гирифт, ки ҳама гуна фаъолияти бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар даврони вазъи низомӣ мутаваққиф шавад”, - гуфт Зеленский.
Сухан дар бораи “Платформаи оппозитсионӣ барои ҳаёт” (ОПЗЖ)-и Виктор Медведчук, “Ҳизби Шария” ва “Наш” меравад. Ғайр аз ин фаъолияти ҳизби мухолифи прогрессивии сотсиалистии Украина, Ҳизби сотсиалистии Украина мамнуъ шудааст.
Ба Вазорати адлияи Украина дастур дода шуд, ки алайҳи нерӯҳои сиёсии номбаршуда “фавран” чораҳои дахлдор андешида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.