https://sputnik.tj/20220320/vukh-chin-mavqe-ukraina-voqebinona-odilona-1046937571.html
ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд
ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Чин гуфт, ки Пекин тасмим дорад дар мавриди Украина мавқеъи мустақил дошта бошад
2022-03-20T13:30+0500
2022-03-20T13:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
чин
дар ҷаҳон
мавқеъ
ҷанг
вазири хориҷа
ван и
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_0:170:3037:1878_1920x0_80_0_0_fe60d504c5f80bb07a516fa3d72cd40b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин гуфт, мавқеи Пекин дар мавриди буҳрони Украина воқеъбинона ва одилона аст.Тавре дипломат ёдовар шуд, қаблан Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар суҳбат бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико муносибати Пекинро ба масъалаи Украина “равшану ҳамаҷониба” баён карда буд ва паёми мақомоти Чин ин аст, ки ба хотири ҳалли буҳрону таъмини субот дар қитъаи Аврупо аз тафаккури ҷанги сард даст кашидан лозим аст.Ван И гуфт, ки ҳамаи тарафҳо иқдомҳои ба кор бурда барои ҳалли бӯҳрон бо мақсади қатъи ҳарчӣ зудтари ҷанг ва ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён якҷоя бояд кор кунанд.Вай таъкид кард, ки Чин хамеша мукобил ҷанг аст.Ван И таъкид кард, ки мақомот ҳар гуна маҷбурсозию фишори беруниро ғайриқобили қабул медонанд ва ҳамчунин ба "ҳар гуна иттиҳому гумонҳои беасос алайҳи онҳо" мухолиф мебошад.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220319/lukashenko-rusiya-ukraina-kishvar-belorus-1046921701.html
https://sputnik.tj/20220318/suhbat-lavrov-rt-mustaqim-1046896000.html
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_152:0:2883:2048_1920x0_80_0_0_18b749862f6534831b558414ffd4b9d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин укираина, вазири хориҷа, одилона, мавқеъ, вух
чин укираина, вазири хориҷа, одилона, мавқеъ, вух
ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд
13:30 20.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Пекин тасмим дорад, дар мавриди Украина мавқеи мустақил дошта бошад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин гуфт, мавқеи Пекин дар мавриди буҳрони Украина воқеъбинона ва одилона аст.
“Мавқеи Чин воқеъбинонаву одилона аст ва ба ормонҳои аксари кишварҳо мувофиқ аст. Вақт нишон хоҳад дод, ки мавқеи мо дар самти рости таърих қарор дорад”, - навиштааст сомонаи расмии вазорат аз қавли Ван И.
Тавре дипломат ёдовар шуд, қаблан Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар суҳбат бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико муносибати Пекинро ба масъалаи Украина “равшану ҳамаҷониба” баён карда буд ва паёми мақомоти Чин ин аст, ки ба хотири ҳалли буҳрону таъмини субот дар қитъаи Аврупо аз тафаккури ҷанги сард даст кашидан лозим аст.
Ван И гуфт, ки ҳамаи тарафҳо иқдомҳои ба кор бурда барои ҳалли бӯҳрон бо мақсади қатъи ҳарчӣ зудтари ҷанг ва ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён якҷоя бояд кор кунанд.
Вай таъкид кард, ки Чин хамеша мукобил ҷанг аст.
"Ин на танҳо дар анъанаҳои таърихӣ ва фарҳангии Чин, балки дар сиёсати пайвастаи хориҷии ин кишвар реша мегирад. Чин минбаъд низ воқеъбинона ва одилона рафтор хоҳад кард", - афзуд дипломат.
Ван И таъкид кард, ки мақомот ҳар гуна маҷбурсозию фишори беруниро ғайриқобили қабул медонанд ва ҳамчунин ба "ҳар гуна иттиҳому гумонҳои беасос алайҳи онҳо" мухолиф мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.