Вазири молияи собиқи Афғонистон дар Амрико таксиронӣ мекунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкАвтомобили такси у дорожного знака
Автомобили такси у дорожного знака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Вазири молияи собиқи Афғонистон дар Вашингтон барои таъмини оилаи худ ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Холид Поянда, охирин вазири молияи Ҳукумати Афғонистон дар ИМА ба ҳайси ронандаи таксии "Uber" кор мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон пост” назари худро дар бораи суқути Кобул баён кардааст.

“Яке аз сабабҳо майл надоштани афғонҳо ба тағйир додани ягон чизе аст. Ҷиддан мо иродаи умумии ислоҳотро надоштем”, - гуфт ӯ.

Поянда ҳамчунин дар Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрико низ ба ҳайси профессори кор мекунад, аммо ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои таъмини хонаводааш кифоят намекунад.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Раҳмон бо намояндаи СММ аз паноҳандагону кумакрасонӣ ба Афғонистон гуфт
Поянда пеш аз суқути Кобул Афғонистонро тарк карда буд.
Ёдовар мешавем, моҳи август маълум шуд, ки вазири алоқа ва технологияҳои иттилоотии собиқи ҳукумати пешини Афғонистон Сайид Аҳмадшоҳи Содот дар Олмон ба ҳайси питзорасон кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0