https://sputnik.tj/20220320/emomali-rahmon-tajlil-navruz-khatlon-1046932738.html
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хатлон сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хатлон сафар кард
Sputnik Тоҷикистон
Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар вилояти Хатлон баргузор мешавад ва роҳбари давлат ба хотири иштирок дар ин ҷашн ба ин вилоят сафар кард 20.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-20T09:25+0500
2022-03-20T09:25+0500
2022-03-21T14:51+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046422081_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_61ab556d8db1d99c454479dd9cb7e7ca.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 20 март бо сафари корӣ ба вилояти Халтон сафар кард.Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сокинони касбу кори гуногун истиқбол гирифтанд.Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як зумра иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, киштукорӣ баҳорӣ оғоз мебахшад.Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карда, бо сокинон ва фаъолон мулоқот доир менамояд.Маврид ба зикр аст, ки макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳия бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.Гуфта мешавад, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад. Варзишгоҳе, ки дар ноҳияи мазкур сохта шуд, имкони ҷо додани 15 ҳазор тамошобинро дорад.
https://sputnik.tj/20220316/jashn-navruz-imsol-khatlon-1046852710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046422081_88:0:1905:1363_1920x0_80_0_0_fdd15ccd83cdda28539f521df4566f5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , наврӯз
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , наврӯз
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хатлон сафар кард
09:25 20.03.2022 (Навсозишуда: 14:51 21.03.2022) Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар вилояти Хатлон баргузор мешавад ва роҳбари давлат ба хотири иштирок дар ин ҷашн ба ин вилоят сафар кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 20 март бо сафари корӣ ба вилояти Халтон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сокинони касбу кори гуногун истиқбол гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як зумра иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, киштукорӣ баҳорӣ оғоз мебахшад.
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карда, бо сокинон ва фаъолон мулоқот доир менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳия бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.
Гуфта мешавад, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад. Варзишгоҳе, ки дар ноҳияи мазкур сохта шуд, имкони ҷо додани 15 ҳазор тамошобинро дорад.