Баргузории пойга ва бузкашӣ дар Суғд бахшида ба Иди Наврӯз

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТрадиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал
Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд аз баргузории мусобиқаи пойга ва бузкашӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд, рӯзи 22 марти соли равон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор мешавад.
Кумитаи тадорукоти мусобиқаҳо хабар додааст, ки ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида хоҳад шуд.
Бояд гуфт, мусобиқаҳои анъанавии пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврӯзӣ барои густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд.
Поздравления посла Ирана в РТ, Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Собирӣ: Эрониёну тоҷикон бо ойини Наврӯз ба ҳам мепайванданд – видео
Ёдрас менамоем, ки ҷашни асосии Наврӯз имсол дар вилояти Хатлон баргузор мешавад.
Макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳияи бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.
Гуфта мешавад, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад.
Қаблан шаҳрдорӣ хабар дода буд, ки аз 21 то 24 марти соли равон дар шаҳри Душанбе барномаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор мешаванд.
Тоҷикистониён имсол дар Наврӯз панҷ рӯз истироҳат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0