https://sputnik.tj/20220320/sobiri-eroniyonu-tojikon-navruz-baham-mepayvandand-video-1046936496.html
Собирӣ: Эрониёну тоҷикон бо ойини Наврӯз ба ҳам мепайванданд – видео
Собирӣ: Эрониёну тоҷикон бо ойини Наврӯз ба ҳам мепайванданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як пайёми видеоие мардуми Тоҷикистонро ба фаро расидани Наврӯз ва оғози баҳори нав табрик намуд
2022-03-20T13:00+0500
2022-03-20T13:00+0500
2022-03-21T14:14+0500
дар тоҷикистон
сафир
табрикот
эрон
наврӯз
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046936436_266:0:1526:709_1920x0_80_0_0_8a54cfca4077c613fe39ad7e205c78bb.jpg
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёмаш қайд кардааст, ки Наврӯз ҷойгоҳи баланде дар ҳофизаи таърихии мардумони Тоҷикистону Эрон дорад ва барои ҳамаи мо бо шукӯҳ ва хотираангез аст. “Наврӯз муносибате барои нав шудани ҳамаи чиз ва баҳори ҷонҳо дар ҳамроҳӣ бо баҳори табиат аст”, - гуфт ӯ.Вай қайд кардааст, ки ниёкони Тоҷикистону Эрон ҳунармандона оғози солро Наврӯз, рӯзи эътидол ва рӯзи зоиши табиат қарор додаанд, ки паёмовари меҳр, сулҳу дӯстӣ ба ҷаҳониён аст.“Эрониёну тоҷикони тамаддунсоз дар ҳар куҷои дунё, ки бошанд, бо ойини Наврӯз ба ҳам пайванд хӯрда, бо иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии худ ифтихор мекунанд”, - афзуд оқои Собирӣ.Ҳамзамон вай илова кард, ки соли гузашта шоҳиди рухдодҳои фархунда ва таҳаввулоти мусбате дар тамоми арсаҳои равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон Эрону Тоҷикистон будем ва ӯ умедвор аст, ки дар соли ҷадид низ бо ҳамдилӣ ва ҳамкории бештар равобити ду кишвар беш аз пеш тавсеа ёбад.“Аз даргоҳи Худованди якто орзумандам, ки соли нав ва ҳама рӯзҳо, солҳо барои мардум ҷаҳон, бавижа эрониён ва тоҷикони азиз саршор аз комравоӣ, беҳрӯзӣ ва сарафрозии бештар бошад”, - таъкид дошт сафир.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046936436_573:0:1518:709_1920x0_80_0_0_4d17598284874c7720c6a67fc7013be6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷҷикистон, эрон, наврӯз, табрикот, сафир, видео
тоҷҷикистон, эрон, наврӯз, табрикот, сафир, видео
Собирӣ: Эрониёну тоҷикон бо ойини Наврӯз ба ҳам мепайванданд – видео
13:00 20.03.2022 (Навсозишуда: 14:14 21.03.2022) Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як пайёми видеоие мардуми Тоҷикистонро ба фаро расидани Наврӯз ва оғози баҳори нав табрик намуд
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёмаш қайд кардааст, ки Наврӯз ҷойгоҳи баланде дар ҳофизаи таърихии мардумони Тоҷикистону Эрон дорад ва барои ҳамаи мо бо шукӯҳ ва хотираангез аст.
“Наврӯз муносибате барои нав шудани ҳамаи чиз ва баҳори ҷонҳо дар ҳамроҳӣ бо баҳори табиат аст”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кардааст, ки ниёкони Тоҷикистону Эрон ҳунармандона оғози солро Наврӯз, рӯзи эътидол ва рӯзи зоиши табиат қарор додаанд, ки паёмовари меҳр, сулҳу дӯстӣ ба ҷаҳониён аст.
“Эрониёну тоҷикони тамаддунсоз дар ҳар куҷои дунё, ки бошанд, бо ойини Наврӯз ба ҳам пайванд хӯрда, бо иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии худ ифтихор мекунанд”, - афзуд оқои Собирӣ.
Ҳамзамон вай илова кард, ки соли гузашта шоҳиди рухдодҳои фархунда ва таҳаввулоти мусбате дар тамоми арсаҳои равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон Эрону Тоҷикистон будем ва ӯ умедвор аст, ки дар соли ҷадид низ бо ҳамдилӣ ва ҳамкории бештар равобити ду кишвар беш аз пеш тавсеа ёбад.
“Аз даргоҳи Худованди якто орзумандам, ки соли нав ва ҳама рӯзҳо, солҳо барои мардум ҷаҳон, бавижа эрониён ва тоҷикони азиз саршор аз комравоӣ, беҳрӯзӣ ва сарафрозии бештар бошад”, - таъкид дошт сафир.