Артиши Русия беш аз сад низомию зархариди хориҷиро дар наздикии Житомер нобуд кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкФронтовой бомбардировщик Су-24М, архивное фото
Фронтовой бомбардировщик Су-24М, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳ ба маркази омоданамудани амалиёти вижаи Украина дар наздикии Житомир ҳамлаи мушакӣ анҷом додааанд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мувофиқи маълумоти вазорат дар он ҷо зархаридони хориҷӣ ҷой гирифта буданд.
“Мушакҳои ҳушманд ба маркази таълимии нерӯҳои амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, дар наздикии шаҳраки Овруч, вилояти Житомир, ки он ҷо зархаридони хориҷӣ ҷойгир шуда буданд, зарба заданд", - гуфт вазорат.
Зиёда аз сад нафар низомӣ ва ҷангҷӯ кушта шуданд.
Қаблан Вазорати дифои Русия гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия иншооти стратегии Украинаро бо мушакҳои ҳушманди “Кинжал”ва “Калибр” нобуд кардаанд.
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд
Вазорати дифои Русия эълон кард, рӯзҳои 19 ва 20 март бо истифода аз мушакҳои болдори дарёии “Калибр” коргоҳҳои таъмири мошинҳои зиреҳпӯши вайроншудаи украиниро дар корхонаи таъмири Нижин тахриб кардааст.
Бо мушаки “Кинжал” дар деҳаи Константиновкаи вилояти Николаев базаи нигоҳдории сӯзишворӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тахриб шуд.
Лентаи хабарҳо
0