https://sputnik.tj/20220319/volodin-gharb-asliha-ukraina-1046919537.html
Володин аз Ғарб хост, додани аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Володин аз Ғарб хост, додани аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия аз ИМА ва кишварҳои дигари узви НАТО хост таъминоти силоҳ ва интиқоли ҷангиёни кирояро ба Украина хотима бахшанд
2022-03-19T13:30+0500
2022-03-19T13:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
ғарб
нато
аслиҳа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103007/71/1030077178_0:168:1620:1080_1920x0_80_0_0_76022b14291c4a26d7fce86659dfabf4.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО ба ҷои интиқоли силоҳу нерӯи кироя ба Украина захираҳоро ба расондани кумаки гуманитарӣ равона намоянд. Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор доштаст, ки ҳамарӯза миллатгароҳои украинӣ "шаҳрвандони мулкиро ҳамчун сипари зинда истифода мебаранд", пушти занону кӯдакон пинҳон мешаванд. Ба гуфтаи роҳбари Дума, муҳимоти ҷангиро барои онҳо кишварҳои узви НАТО таъмин мекунанду сафашонро аз ҳисоби хориҷиён аз кишварҳои узви Эътилофи Атлантикаи шимолӣ зиёд менамоянд. Володин афзудааст, вақте Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои НАТО ба сулҳ даъват мекунанд, бояд корро аз худ оғоз намоянд. Мақомдори Русия Ғарбро дар таъхири созиш бо Киев муттаҳам карда, изҳор дошт, ки онҳо намехоҳанд Украина кишвари мустақилу берун аз блоке бошад. Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар мавриди ҷалби хориҷиён барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия нашр шуданд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, хориҷиён дар Украина фитнаҳои мусаллаҳона бо силоҳи таъминкардаи Ғарб анҷом доданиянд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220319/medinskiy-shartho-muloqot-putin-zelenski-1046915501.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103007/71/1030077178_258:165:1478:1080_1920x0_80_0_0_0e4ae9ad42387909117a2449d59c275d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин, ғарб, украина, аслиҳа
володин, ғарб, украина, аслиҳа
Володин аз Ғарб хост, додани аслиҳа ба Украинаро бас кунад
13:30 19.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раиси Думаи давлатии Русия аз ИМА ва кишварҳои дигари узви НАТО хост, таъминоти силоҳ ва интиқоли ҷангиёни кирояро ба Украина хотима бахшанд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО ба ҷои интиқоли силоҳу нерӯи кироя ба Украина захираҳоро ба расондани кумаки гуманитарӣ равона намоянд.
Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор доштаст, ки ҳамарӯза миллатгароҳои украинӣ "шаҳрвандони мулкиро ҳамчун сипари зинда истифода мебаранд", пушти занону кӯдакон пинҳон мешаванд.
Ба гуфтаи роҳбари Дума, муҳимоти ҷангиро барои онҳо кишварҳои узви НАТО таъмин мекунанду сафашонро аз ҳисоби хориҷиён аз кишварҳои узви Эътилофи Атлантикаи шимолӣ зиёд менамоянд.
Володин афзудааст, вақте Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои НАТО ба сулҳ даъват мекунанд, бояд корро аз худ оғоз намоянд. Мақомдори Русия Ғарбро дар таъхири созиш бо Киев муттаҳам карда, изҳор дошт, ки онҳо намехоҳанд Украина кишвари мустақилу берун аз блоке бошад.
"Ҳар он чизе, ки имрӯз дар Украина сурат гирифта истодааст, аз ҷумла ҳалокати аҳолии осоишта, афзоиши гурезаҳо - ин масъулияти мустақими Вашингтон ва Брюссел мебошад", - навиштааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар мавриди ҷалби хориҷиён барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия нашр шуданд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, хориҷиён дар Украина фитнаҳои мусаллаҳона бо силоҳи таъминкардаи Ғарб анҷом доданиянд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.