Мединский шартҳои мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкXVI Съезд политической партии "Единая Россия". День первый
XVI Съезд политической партии Единая Россия. День первый - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Раҳбари ҳайати Русия дар музокирот бо Киев феҳристи талабот барои мувофиқа кардани мулоқоти раҳбарони Маскав ва Киевро номбар кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мулоқоти президентҳои Русияву Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский танҳо пас аз тасдиқи матни созишномаи байни кишварҳо имконпазир хоҳад шуд.
Дар ин бора роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский иттилоъ дод.

"Ман комилан омода нестам, ки дар ин бора изҳори назар кунам, танҳо мегӯям, ки қабл аз суҳбат дар бораи мулоқоти раҳбарон бояд ҳайатҳои музокиракунанда матни созишномаро омода ва мувофиқа кунанд", - таъкид кард сиёсатмадор.

Пас аз он ки ҳуҷҷат бояд ба вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар супорида шавад, баъдан созишнома аз ҷониби ҳукуматҳо тасдиқ карда мешавад.
Танҳо пас аз анҷоми ҳамаи расмиёти дар боло зикршуда мо бояд дар бораи мулоқоти сарони давлатҳо сухан гӯем, афзуд Мединский.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс, пас аз чанде аз тирборон аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украина шиддат гирифт. Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Президент РФ В. Путин провел встречу с руководителями ведущих итальянских компаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия алакай рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Дар маҷмуъ 3 давр буд. Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.
Лентаи хабарҳо
0