Эълони ҳайати яккачини Тоҷикистон барои ширкат дар "Ҷоми Наврӯз-2022"

© Пресс-служба Федерации Футбола РТЗавтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии
Завтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Сармураббии нав мегӯяд, дарҳои мунтахаби кишвар барои бозигарон боз аст
ДУШАНБЕ, 19 мар— Sputnik. Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт рӯйхати бозигаронеро, ки ба ширкат дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Наврӯз-2022" дар Намангон даъват мешаванд, тартиб дод.
Дар маҷмуъ, рӯйхати Сегрта 25 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро шомил мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи "Ҷоми Наврӯз-2022", имрӯз 19-уми март дар Гулистон оғоз кард.
Шарҳи Сегрт дар бораи натиҷаи қуръапартоӣ ва рақибони тими Тоҷикистон
Рӯзи сешанбеи 22 март ҳайати тими миллии Тоҷикистон озими Намангони Ӯзбекистон, макони баргузории рақобатҳо мешавад.
Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тимҳои Уганда, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бозӣ мекунад.
Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт гуфтааст, ки "дарҳои тими миллии Тоҷикистон ба рӯи ҳамаи бозигарон боз аст ва ин на танҳо шиор, балки мавқеи ман аст”.
Национальная сборная Таджикистана на тренировке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Наврӯз-2022" дар Намангон аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Хуҷанд");
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – "Персеполис", Эрон), Давронҷон Эргашев ("Бунёдкор",Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев ("Сурхон", Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама - "Истиқлол"), Фирдавс Чақалов ("Хуҷанд"), Меҳрубон Каримов ("Динамо", Душанбе);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев ("Локомотив Пловдив", Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов ("АГМК", Ӯзбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервони Мабатшоев (ҳама – "Истиқлол"), Кароматулло Саидов ("Хуҷанд"), Алиҷони Айнӣ ("Регар-ТадАЗ"), Фатҳулло Олимзода ("Динамо", Душанбе);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев ("Мактаарал", Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду "Истиқлол"), Ҷаҳонгир Эргашев ("Хуҷанд").
Лентаи хабарҳо
0