Толибҳо сафирашонро дар Туркманистон таъйин карданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАшхабад, архивное фото
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Туркманистон сеюмин кишварест дар ҷаҳон, ки сафир аз ҳукумати толибҳоро қабул кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳукумати ҷадид дар Афғонистон сафираш дар Туркманистонро таъйин кард.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон аз қавли Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо ва ноиби вазири фарҳангу иттилооташон хабар додаст.
Муҷоҳид аз сафири навтаъйин Фазл Муҳаммад Собир ном бурда, афзуд, ки оғози фаъолияти ӯ дар Ишқобод дар маросиме бо ҳузури вазири умури хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев эълон шуд.
Таъкид шудааст, ки вазири умури хориҷии Туркманистон аз нақши сафорат, кормандон ва тоҷирони Афғонистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, махсусан тарҳҳои инфрасохторӣ тавсиф кардааст.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Мэнлӣ: Бартарияти паштунҳо дар ҳукумат ба суботи кишвар хатар дорад
Ҳамин тариқ Туркманистон кишвари сеюме баъди Чин ва Покистон шуд, ки толибҳо сафирашонро дар он таъйин намуданд.
Қаблан Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни арзёбии ҳамкориҳо бо Афғонистон изҳор карда буд, ки ин кишвар метавонад аз лоиҳаҳои инфрасохтории минтақаӣ, ки Ишқобод амалӣ мекунад, миллиардҳо доллар фоида гирад.
Ӯ аз ҷумла тарҳи лӯлаеро ном бурд, ки гази Туркманистонро ба Осиёи Ҷанубӣ интиқол медиҳад. Ба гуфтаи Бердиҳмуҳаммадов, Афғонистон метавонад аз ҳаққи транзити газ беш аз миллиард доллар фоида ба даст орад.
Вай инчунин афзуд, ки феълан миёни Туркманистон, Афғонистон ва Покистон хатти интиқоли барқ ва алоқа бунёд шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0