https://sputnik.tj/20220309/bartariyati-pashtun-subot-khatar-1046655702.html
Мэнлӣ: Бартарияти паштунҳо дар ҳукумат ба суботи кишвар хатар дорад
Мэнлӣ: Бартарияти паштунҳо дар ҳукумат ба суботи кишвар хатар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи Аврупо алайҳи 14 тоҷири рус ва оилаҳои онҳо ва 146 узви Шӯрои Федератсия таҳримот ҷорӣ кард
2022-03-09T20:16+0500
2022-03-09T20:16+0500
2022-03-09T20:28+0500
афғонистон
тоҷикон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Лондон аз бархӯрди табъизии толибҳо ба идораи давлатӣ нигарон аст. Дар ин бора Саймон Мэнлӣ, сафири Бритониё дар СММ ва намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женева гузориш додааст.Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ хабар медиҳад.Ӯ гуфтааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи занони фаъол аз ҷониби толибҳо саркӯб мешавад, ақаллиятҳо таъқиб, ҳабс ва ронда мешаванд. Дар ин росто аз ҷунбиш даъват шудааст, ки ваъдаи худро дар бораи афви умумӣ иҷро кунад ва қазияи куштори ғайриқонунии низомиён ва хидматчиёни давлати собиқро тафтиш кунад. Бритониё аз иқдомоти толибон барои боз кардани донишгоҳҳо ва ваъдаи кушодани мактабҳо дар моҳи март истиқбол мекунад, аммо таъкид мекунад, ки он танҳо амалҳои онҳоро доварӣ хоҳад кард, на суханашонро.Ёдрас мешавем, ки аксари намояндагони ҳукумати толибҳоро паштунҳо ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки бино ба гузориши мақомоти Русия ва Тоҷикистон, наздики 40 фисади шаҳрвандони Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.Тазоҳуроти занони афғонистонӣ барои иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар КобулЯке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои эътирофи ҳукумати толибҳо ҳамашумул будани ҳукумати онҳо гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220307/didboni-huquqi-bashar-tolibon-rasonaho-senzura-1046608993.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳримот, 150 шаҳрванди русия
таҳримот, 150 шаҳрванди русия
Мэнлӣ: Бартарияти паштунҳо дар ҳукумат ба суботи кишвар хатар дорад
20:16 09.03.2022 (Навсозишуда: 20:28 09.03.2022) Сиёсатмадори бритониёӣ аз бартарияти паштунҳо дар ҳукумати толибҳо нигарон аст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Лондон аз бархӯрди табъизии толибҳо ба идораи давлатӣ нигарон аст. Дар ин бора Саймон Мэнлӣ, сафири Бритониё дар СММ ва намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женева гузориш додааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ хабар медиҳад.
Ӯ гуфтааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи занони фаъол аз ҷониби толибҳо саркӯб мешавад, ақаллиятҳо таъқиб, ҳабс ва ронда мешаванд.
Дар ин росто аз ҷунбиш даъват шудааст, ки ваъдаи худро дар бораи афви умумӣ иҷро кунад ва қазияи куштори ғайриқонунии низомиён ва хидматчиёни давлати собиқро тафтиш кунад.
Бритониё аз иқдомоти толибон барои боз кардани донишгоҳҳо ва ваъдаи кушодани мактабҳо дар моҳи март истиқбол мекунад, аммо таъкид мекунад, ки он танҳо амалҳои онҳоро доварӣ хоҳад кард, на суханашонро.
Ёдрас мешавем, ки аксари намояндагони ҳукумати толибҳоро паштунҳо ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки бино ба гузориши мақомоти Русия ва Тоҷикистон, наздики 40 фисади шаҳрвандони Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои эътирофи ҳукумати толибҳо ҳамашумул будани ҳукумати онҳо гуфта мешавад.