Таҷлил аз пайвастшавии Қрим ба Русия ва суханронии Путин - видео

Обуна шудан
Президенти Русия дар рӯзи таҷлил аз пайвастани Қрим ва Севастопол ба ин кишвар шаҳрвандонро шодбош гуфт
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими таҷлил аз 8-умин солгарди пайвастшавии Қрим ва Севастопол дар варзишгоҳи "Лужники"-и Маскав иштирок намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Қрим ва Севастопол соли 2014 дар пайи як раъйпурсӣ аз Украина ҷудо шуда, ба Русия пайвастанд.
Раисҷумҳури Русия Қонун дар бораи вуруди Қрим ва Севастопол ба Русияро 21 марти соли 2014 имзо кард, аммо расман санаи пайвастшавии онҳо 18 март - рӯзи тасвиби созишномаи байналмилалӣ дониста мешавад.
Қрим расман ба ҳайати Ҳавзаи федералии навташкили Қрим дар тобеияти Ҳавзаи низомии ҷанубӣ қарор дорад. Рӯзи 11 апрел ба феҳрасти субъектҳои Русия дар Конститутсияи ин кишвар сабт шуд.
Киев ва Ғарб Русияро дар ғасби Қриму дахолат ба умури Украина муттаҳам карданд. Маскав ин иттиҳомотро бепоя хонда, изҳор дошт, ки мардум худашон аз тариқи демократӣ тақдири худу сарзаминашонро интихоб карданд.
Лентаи хабарҳо
0