https://sputnik.tj/20220318/sanoat-tojikiston-rushd-1046913326.html
Саноати Тоҷикистон дар соли 2022 рушди хуб доштааст
Саноати Тоҷикистон дар соли 2022 рушди хуб доштааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки рушди ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар кишвар аз аввали сол ба 484,3 миллион доллар расидааст
2022-03-18T23:00+0500
2022-03-18T23:00+0500
2022-03-18T23:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
рушд
содирот
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2d410597b8010e9af1eb7c563c2e8a31.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 2 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо арзиши муқоисавӣ 12,4% афзоиш ёфтааст.Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, афзоиши ҳаҷми он беш аз 6,2 миллиард сомонӣ (484,3 миллион доллар) аст.Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, далели рушди бештар истихроҷи бештар (19,5 фоиз) ва фароварии санъатӣ (18,9) будааст.Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз аввали сол беш аз 3,7 миллиард киловат-соатро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба январ-феврали соли 2021 9,8 дарсад бештар гуфта мешавад.Дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард киловатт-соат барқ тавлид кардаанд. Дар Маркази барқу гармдиҳӣ ин нишондиҳанда 568,9 миллион кВт-соат нерӯи барқро ташкил дод.Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш дар тиҷорат ба мизони баланд ноил шудааст: содирот беш аз 2 миллиард доллар арзёбӣ шуд.Дар соли 2021 аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ашёи хом содир шуда буд. Металҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ба маъруфтарин маҳсулот табдил шудаанд. Онҳо наздик ба 40 дарсади содироти ашёи хомро ташкил медиҳанд.Дар ҷои дувум маъданҳо ва консентратҳо (16 фоиз), сипас пахта (9,5%) ва алюминий (6%) қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220225/intiqodi-rahmon-az-rushdi-noustuvori-sanoat-dar-khatlon-1046224349.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_351:0:3072:2041_1920x0_80_0_0_12b571a318558913860f6d784a025f88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, рушд, содирот
тоҷикистон, саноат, рушд, содирот
Саноати Тоҷикистон дар соли 2022 рушди хуб доштааст
Вазорати саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки рушди тавлидоти саноатӣ дар кишвар аз аввали сол ба 484,3 миллион доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 2 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо арзиши муқоисавӣ 12,4% афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, афзоиши ҳаҷми он беш аз 6,2 миллиард сомонӣ (484,3 миллион доллар) аст.
Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, далели рушди бештар истихроҷи бештар (19,5 фоиз) ва фароварии санъатӣ (18,9) будааст.
Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз аввали сол беш аз 3,7 миллиард киловат-соатро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба январ-феврали соли 2021 9,8 дарсад бештар гуфта мешавад.
Дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард киловатт-соат барқ тавлид кардаанд. Дар Маркази барқу гармдиҳӣ ин нишондиҳанда 568,9 миллион кВт-соат нерӯи барқро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш дар тиҷорат ба мизони баланд ноил шудааст: содирот беш аз 2 миллиард доллар арзёбӣ шуд.
Дар соли 2021 аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ашёи хом содир шуда буд. Металҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ба маъруфтарин маҳсулот табдил шудаанд. Онҳо наздик ба 40 дарсади содироти ашёи хомро ташкил медиҳанд.
Дар ҷои дувум маъданҳо ва консентратҳо (16 фоиз), сипас пахта (9,5%) ва алюминий (6%) қарор гирифтаанд.