https://sputnik.tj/20220225/intiqodi-rahmon-az-rushdi-noustuvori-sanoat-dar-khatlon-1046224349.html
Интиқоди Раҳмон аз рушди ноустувори саноат дар Хатлон
Интиқоди Раҳмон аз рушди ноустувори саноат дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон зимни таҳлили вазъи соҳаҳои вилояти Хатлон дар кул аз ин минтақа изҳори норозигӣ кард
2022-02-25T09:05+0500
2022-02-25T09:05+0500
2022-02-25T12:36+0500
хатлон
саноат
рушд
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_0:157:3073:1885_1920x0_80_0_0_b367d19cfd5460bf1c17964362b7eff7.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон гуфт, дар минтақа зарфиятҳои мавҷуда ба таври лозима истифода намешавад ва аз сатҳи пасти рушди минтақа изҳори нигаронӣ кард.Ӯ дар баробари баррасии дигар соҳот бештар ба таҳлили бахши саноати вилоят пардохт, ки ба гуфтаи вай, 44 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоятро истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ ташкил медиҳад.Ба гуфтаи президент, соли 2021 аз кулли маҷмуи маҳсули саноати тавлидии кишвар 24 фоизи он ва 14 дарсади маҳсули саноати хӯрокӣ марбут ба вилояти Хатлон аст. Дар робита ба маводи сохтмонӣ ин мизон дар вилоят ба 12 дарсад мерасад, ки ба қавли раисҷумҳур, қонеъкунанда нест.Баъзе ноҳияҳо ягон корхона насохтаандҲамчунин дар ин давра дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар қобили қабул хонда нашуд.Президент гуфт, дар як соли ахир дар вилоят 14 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрда, 99 корхона ё 15 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ фаъолият накардааст, ки дар натиҷа беш аз 1600 нафар кормандони корхонаҳои зикршуда бекор мондаанд."Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 12 корхона, Кӯлоб 8, Ҳамадонӣ, Левакант, Шаҳритус 7 ададӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхӣ 6 ададӣ, Бохтар 5, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг ва Кушониён 4 ададӣ, Ҷайҳун, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муъминобод 3 ададӣ, Данғара, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин 2 ададӣ ва Хуросон 1 корхона фаъолият накардааст",- гуфт раисиҷумҳур.Ҳамчунин дар ин давра дар 138 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст, ки дар натиҷаи он 63 номгӯй ё 34 фоиз аз номгӯйи умумии маҳсулоти саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда коҳиш ёфта, 8 номгӯйи маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.Корхона ҳаст, аммо пахта бе коркард ба хориҷ меравад"Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 4,7 фоиз, семент 2,7 фоиз, трансформатор 33,2 фоиз, бетони сохтмонӣ 12 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ ва коркарди пахта 21,1 фоиз, намаки ошӣ 3 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 22 фоиз коҳиш ёфтааст",- афзудааст мавсуф..Соли 2021 аз вилоят ба маблағи қариб 2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ё 19 фоиз аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда содирот шудааст, вале Эмомалӣ Раҳмон ин нишондиҳандаро қонеъкунанда нахонд.Зеро ба гуфти ӯ он ҳамагӣ 8 фоизи сатҳи кишварро ташкил дода, 93 фоизи содироти маҳсулоти саноатии вилоят ба чор намуд, аз ҷумла нерӯи барқ, нахи пахта, калобаи пахтагин ва семент рост меояд. Содироти маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда аз вилоят қариб ки ба назар намерасад.Раҳбари давтал дар идома гуфт, бо вуҷуди супоришҳои додашуда, то ба ҳол аз вилоят ҳаҷми зиёди нахи пахта бе коркарди ниҳоӣ, аз ҷумла соли 2020-ум дар ҳаҷми 29 ҳазор тонна ва соли 2021-ум дар ҳаҷми 23 ҳазор тонна содирот шудааст.Дар ҳоле ки танҳо дар вилояти Хатлон 5 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори умумии 33 ҳазор тонна коркарди нахи пахта вуҷуд дошта, соли 2021 ҳамагӣ 62 фоизи иқтидори онҳо истифода шудааст.Дар баробари ин нуктаҳо раисиҷумҳур чанд бахшҳои дигареро номбар карда гуфт, чунин вазъ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
https://sputnik.tj/20211221/panjsola-rushd-sanoat-tojikiston-1044285342.html
https://sputnik.tj/20220123/hakimzoda-sodirot-mahsuloti-sanoati-kishovarzi-beshtar-1045071468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_174:0:2897:2042_1920x0_80_0_0_c1efef4a37287f52e649c6a701f7786e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқод раҳмон рушд ноустувор саноат хатлон
интиқод раҳмон рушд ноустувор саноат хатлон
Интиқоди Раҳмон аз рушди ноустувори саноат дар Хатлон
09:05 25.02.2022 (Навсозишуда: 12:36 25.02.2022) Президенти Тоҷикистон зимни таҳлили вазъи соҳаҳои вилояти Хатлон дар кул аз ин минтақа изҳори норозигӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон гуфт, дар минтақа зарфиятҳои мавҷуда ба таври лозима истифода намешавад ва аз сатҳи пасти рушди минтақа изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ дар баробари баррасии дигар соҳот бештар ба таҳлили бахши саноати вилоят пардохт, ки ба гуфтаи вай, 44 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоятро истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи президент, соли 2021 аз кулли маҷмуи маҳсули саноати тавлидии кишвар 24 фоизи он ва 14 дарсади маҳсули саноати хӯрокӣ марбут ба вилояти Хатлон аст. Дар робита ба маводи сохтмонӣ ин мизон дар вилоят ба 12 дарсад мерасад, ки ба қавли раисҷумҳур, қонеъкунанда нест.
Баъзе ноҳияҳо ягон корхона насохтаанд
Ҳамчунин дар ин давра дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар қобили қабул хонда нашуд.
"Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Норак, ба истиснои коргоҳҳо, ягон корхонаи нави саноатӣ таъсис дода нашудааст",-таъкид кард президент.
Президент гуфт, дар як соли ахир дар вилоят 14 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрда, 99 корхона ё 15 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ фаъолият накардааст, ки дар натиҷа беш аз 1600 нафар кормандони корхонаҳои зикршуда бекор мондаанд.
"Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 12 корхона, Кӯлоб 8, Ҳамадонӣ, Левакант, Шаҳритус 7 ададӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхӣ 6 ададӣ, Бохтар 5, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг ва Кушониён 4 ададӣ, Ҷайҳун, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муъминобод 3 ададӣ, Данғара, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин 2 ададӣ ва Хуросон 1 корхона фаъолият накардааст",- гуфт раисиҷумҳур.
Ҳамчунин дар ин давра дар 138 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст, ки дар натиҷаи он 63 номгӯй ё 34 фоиз аз номгӯйи умумии маҳсулоти саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда коҳиш ёфта, 8 номгӯйи маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.
Корхона ҳаст, аммо пахта бе коркард ба хориҷ меравад
"Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 4,7 фоиз, семент 2,7 фоиз, трансформатор 33,2 фоиз, бетони сохтмонӣ 12 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ ва коркарди пахта 21,1 фоиз, намаки ошӣ 3 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 22 фоиз коҳиш ёфтааст",- афзудааст мавсуф..
Соли 2021 аз вилоят ба маблағи қариб 2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ё 19 фоиз аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда содирот шудааст, вале Эмомалӣ Раҳмон ин нишондиҳандаро қонеъкунанда нахонд.
Зеро ба гуфти ӯ он ҳамагӣ 8 фоизи сатҳи кишварро ташкил дода, 93 фоизи содироти маҳсулоти саноатии вилоят ба чор намуд, аз ҷумла нерӯи барқ, нахи пахта, калобаи пахтагин ва семент рост меояд. Содироти маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда аз вилоят қариб ки ба назар намерасад.
Раҳбари давтал дар идома гуфт, бо вуҷуди супоришҳои додашуда, то ба ҳол аз вилоят ҳаҷми зиёди нахи пахта бе коркарди ниҳоӣ, аз ҷумла соли 2020-ум дар ҳаҷми 29 ҳазор тонна ва соли 2021-ум дар ҳаҷми 23 ҳазор тонна содирот шудааст.
Дар ҳоле ки танҳо дар вилояти Хатлон 5 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори умумии 33 ҳазор тонна коркарди нахи пахта вуҷуд дошта, соли 2021 ҳамагӣ 62 фоизи иқтидори онҳо истифода шудааст.
Дар баробари ин нуктаҳо раисиҷумҳур чанд бахшҳои дигареро номбар карда гуфт, чунин вазъ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.